Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Ҷумҳурии Эстония ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия таъин намудани Ҳақдод М. М.

№114 (3908) 20.09.2018

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Ҳакдод Маҳмадшариф Маҳмуд ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 18 сентябри соли 2018, №1100