Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар таъин намудани Соҳибзода Х. С.

№95 (3732) 10.08.2017

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Соҳибзода Хисрав Соҳиб сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 7 августи соли 2017, №911