Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Руминия таъин намудани Қаландар И.

№114 (3908) 20.09.2018

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Қаландар Идибек ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Руминия таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 18 сентябри соли 2018, №1101