Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия таъин намудани Ғайратшо С. Қ.

№114 (3908) 20.09.2018

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 18 сентябри соли 2018, №1099