Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо

№114 (3908) 20.09.2018

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Додихудозода Давлатмо Бахтибек бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

2. Усмонзода Шоғуфрон раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 18 сентябри соли 2018, №1096