Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Салимзода А. Ф.

№14 (4120) 30.01.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Салимзода Амонулло Файзулло вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 27 январи соли 2020, № 1431