Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ

№130 (3431) 30.09.2015

28 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар қароргоҳи СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар оғоз Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари гурӯҳ, ҳайати Замбия сипоси худро барои талошҳои хастагинопазир ва роҳбарӣ дар пешбурди манфиатҳои кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ изҳор намуда, бо қабули рӯзномаи нави Рушди Устувор рост омадани мулоқоти имрӯзаро фавқулода муҳим арзёбӣ кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон аз мавҷуд набудани имконоти дастрасии ҳудудӣ ба баҳр барои кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ ҷиҳати рушди устувор, ки душвориҳои доимӣ эҷод менамояд ва он дар роҳи ҳамгиройии минбаъдаи кишварҳо бо иқтисоди ҷаҳонӣ монеаи асосӣ мегардад, изҳори нигаронӣ карда, ҷонибдории Тоҷикистонро аз қарору тавсияҳои Барномаи амали Алмаато ва Барномаи амали Вена барои кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ дар солҳои 2014 — 2024 баён намуд. Президент дар суханронии худ изҳори боварӣ кард, ки «мавқеи умумӣ доир ба нақшаи амали даҳсола бо шаш минтақаи афзалиятноки он, ки аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гаштааст, ҷиҳати тағйири сохтории иқтисодиёт ва инфрасохтори мо, инчунин барои пешбурди ҳамкорию ҳамгиройии минтақавӣ саҳм хоҳад гузошт».

Сипас, Президенти кишвар аз таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба пешбурди тиҷорати минтақавӣ ва пешравиҳои назарраси мамлакати мо дар роҳи инкишофи шабакаи нақлиётиву муносибати махсус ба иқтидорҳои транзитӣ ва коммуникатсионӣ ҳарф зада, чунин гуфт: «Ба мақсади содагардонии қоидаҳои гумрукӣ ва муқаррароти он фаъолияти низоми «Равзанаи ягона» ба роҳ монда, Шартномаи Апостил тасдиқ карда шуд. Мо инчунин ҷиҳати ҷалби сармоягузорон ва иҷрои Барномаи миллии пешбурди тиҷорат ва ҳамлу нақл чор минтақаи озоди иқтисодии фаъолро таъсис додем. Гузашта аз ин, Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мулоқоти даҳуми Комиссияи байниҳукуматии долони нақлиётии байналмилалии Аврупо – Кавказ -Осиё (TРАСЕКА), Конфронси байналмилалии сатҳи олӣ оид ба рушди иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2023, Форуми якуми сармоягузорӣ доир ба татбиқи Нақшаи Амали Созмони Ҳамкории Исломӣ (OИC) оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро мизбонӣ кард».

- Чорабиниҳои мазкур, — зикр намуд Президенти Тоҷикистон,-  ба бунёди муҳити мусоид барои транзит, беҳтар намудани амнияти нақлиёт, ҳифзи муҳити зист, татбиқи сиёсати тарифии тағйирёбанда ва пешбурди тиҷорат нигаронида шуда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз мушкилоти гуногунҷанбаи кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ, ки ба рушди дарозмуддати онҳо халал ворид менамоянд, ҳарф зада, аз камбизоатӣ ва нобаробарӣ, иқтидорҳои ғайримутаносиби саноатӣ, инфрасохтори заиф, ҳиссаи зиёди ашёи хом дар содирот, таъмини нокифояи аҳолӣ бо қувваи барқ ва бо кор пурра таъмин набудани ҷавонон ҳамчун мушкилоти калидии кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ изҳори нигаронӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба оқибатҳои тағйироти иқлим ва офатҳои табиӣ, аз ҷумла биёбоншавӣ ва таназзули замин, инчунин обшавии пиряхҳо, ки рушди устувори ин кишварҳоро заиф мегардонанд, андешаронӣ карда, аз ҷумла гуфт: «барои мисол, ҳар сол дар Тоҷикистон офатҳои табиии вобаста ба об сабаби хисороти азими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегарданд».

Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки «ин ва дигар мушкилоти кунунии мо кишварро маҷбур сохтааст, ки тавассути василаҳои алтернативӣ неруву тавони худро ба самтҳои стратегӣ – таъмини амнияти энергетикиву озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ равона созад».

Аз ҷумлаи чунин тадбирҳо Эмомалӣ Раҳмон «сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд ва миёна, бунёди неругоҳҳои калон дар асоси лоиҳаҳои дорои хусусияти минтақавӣ ва имконоти истифодаи энергияи офтобу бодро номбар намуда, таъкид кард, ки ҳамаи ин лоиҳаҳо, бо дарназардошти ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии рушди устувори энергияи муосир, ба таври шаффоф амалӣ мегарданд. Бунёди неругоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ ҷиҳати таъмини рушди устувор ва боло бурдани сатҳи зиндагии на фақат мардуми Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат менамояд».

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин мақоми махсуси сохтмони пули энергетикиро байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (САSА-1000), ки ба афзоиши содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба бозорҳои ниёзманди энергетикии Афғонистон ва Покистон мусоидат менамояд, зикр намуда, изҳори умед, кард, ки «татбиқи ин лоиҳа чун муҳаррики рушди тиҷорат хизмат карда, тавлиди маҳсулоти саноатӣ ва таъмини амнияти энергетикиро дар ҳар ду минтақа иҷро хоҳад кард».

Дар фарҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «бо дарназардошти мушкилоти зикршуда кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ барои муваффақона амалӣ намудани барномаи нави рушди устувор ҳанӯз ҳам ба пуштибонии қавии байналмилалӣ ниёз доранд» ва изҳори умед кард, ки Созмони Милали Муттаҳид метавонад ва бояд нақши пешбаранда ва ҳамоҳангсози хешро дар амри расонидани кумакҳои техникиву молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ идома диҳад.

 www.president.tj