Ифтитоҳи Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе

№88 (4194) 21.07.2020

50136580282_610edc4beb_o21 июли соли 2020 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар саҳни ҳавлии маҷмаа Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз рӯи лавҳаи рамзӣ парда бардошта, ба фаъолияти иншооти муосири варзишӣ оғоз бахшиданд.

Бояд гуфт, ки Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе аз калонтарин маҷмааҳои варзишии мамлакат мебошанд.

50136577412_c3e2d6b3ca_oМаҷмааи варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  бунёд гардидааст.

Корҳои лоиҳакашӣ ва сохт­мони он, ки соли 2012 оғоз ёфт, таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.

Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад. Лоиҳаи онро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рос­товгипрошахт»-и Федератсияи Россия таҳия намудааст.

Дар бунёди маҷмаа ширкатҳои ватании «Стройкомплекс», «Марв — Сохтмон», «Абусалмон», «Заводи асфалту бетон» ва «Нури Ҳамадон», дар маҷмӯъ, мутахассисони варзидаи 15 ширкати ватанӣ ва 5 ширкати хориҷӣ саҳм гузоштаанд.

Дар маҷмааи варзишӣ беш аз 500 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардиданд. Корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Баробари ба истифода додани маҷмаа беш аз 200 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароиту имкониятҳои Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обӣ шинос шуданд.

50135796728_c0597c885d_oБа Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи варзишӣ аз Қасри теннис барои зиёда аз 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ барои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии кушода бо 300 ҷойи нишаст ва 27 лифт иборат мебошад. Ҳамчунин, дар шафати он 8 майдони тенниси кушод, ки яке аз онҳо дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.

Аз ҳама иншооти калони маҷмаа Қасри намудҳои варзиши обӣ мебошад ва боздиди Сарвари давлат низ аз он оғоз гардид.

Қасри намудҳои варзиши обӣ дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст ва баландии он 27 метрро ташкил медиҳад. Он дорои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Дар таҳхонаи он ҷойи ивази либос барои 1800 нафар тамошобин ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳо барои ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, машқҳои аква — аэробика — рақси обӣ ва ватерполо ҷойгир аст, ки мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот толор барои баргузории нишастҳои матбуотӣ бо 130 ҷой, 2 толори машқ, утоқҳо барои либосивазкунӣ ва истироҳати варзишгарон, утоқҳои маъмурият, 6 қаҳвахона, 9 лифт ва дигар иншооти фаръӣ ҷой гирифтаанд.

50136579412_476d831d82_oҲавзҳои маҷмаа барои омӯзиши шиноварӣ ҳам барои хоҳишмандон ва ҳам барои иштирокчиёни мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд.

Қасри намудҳои варзиши обӣ дорои таҷҳизоти муосири оббозӣ мебошад. Ҳавзҳои шиноварии он дар ҳама фасли сол бо оби гарми дорои ҳарорати 26 дараҷа таъмин карда мешаванд. Низоми муҳандисии иншоотро таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири сохти кишварҳои пешрафта ташкил мекунад.

Дар маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола то калонсолон метавонанд бо машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар он ҳавзҳои чуқуриашон аз 0,7, 1,5, 3 то 6 метр мавҷуданд.

Қасрҳо ва дигар иншооти маҷмаа бо ранги кабуди монанд ба оби соф ороиш ёфтаанд, ки ин рамзи кишвари обҳои мусаффо ва ташаббускори ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон будани Тоҷикистон мебошад.

Баъди шиносоӣ бо имкониятҳои машқу тамрин ва баргузории чорабиниҳои варзиши обӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иншооти дигари маҷмаа — ҳавзи шиноварии болокушода шинос шуданд.

Дар шафати маҷмааи намудҳои варзиши обӣ, ҳамчунин, ҷиҳати ба солимгардонӣ ва шиноварӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон таъин шудааст.

50136342766_85709d062f_oҲавзи шиноварии болокушода дар масоҳати умумии 8 ҳазор метри мураббаъ бо баландии 17 метр бунёд гардида, дорои 300 ҷои нишаст мебошад. Он барои баргузории 4 намуди варзиши обӣ, аз ҷумла ҷаҳиш аз трамплини дорои баландиҳои 1, 3, 5, 7 ва 10 метр, шиноварӣ дар масофаи 25 метр ва бозии ватерполои занонаву мардона пешбинӣ гардидааст.

Ҳавзи шиноварии болокушода низ мувофиқ ба талаботи муосир бунёд ва дар он шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардидааст.

Дар иншоот системаи шабакаҳои зарурӣ мутобиқи талаботи FINA (Федератсияи байналмилалии шиноварӣ) ва ITF (Федератсияи байналмилалии теннис) барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи умумиҷаҳонӣ насб гардидааст.

Бояд гуфт, ки мутахассисони Федератсияи байналмилалии шиноварӣ ва Федератсияи байналмилалии теннис ҷараёни корҳои лоиҳакашиву сохтмонро бевосита назорат карда, барои ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардидани маҷмаа тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.

Натиҷаи ҳамин ҳамкорӣ буд, ки маҷмааи варзиш аз тарафи сохтмончиёни тоҷик бо тарҳи зебо, бо дарназардошти талаботи меъёрҳои муосир ва бо сифати баланд бунёд шудааст.

Тибқи талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ, дар иншооти ёрирасони маҷмаа таҷҳизоти махсус насб гардидааст, ки тавассути он сабти видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба шабакаҳои телевизионӣ пайваст карда шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти ҳавзи шиноварии болокушода Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ Қасри теннисро, ки дар як бинои алоҳидаи зебо ҷойгир аст, аз назар гузаронданд.

50135798183_6dae8a2a44_oҚасри теннис аз 5 ошёна иборат буда, дар майдони 40 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир шудааст ва аз 3 майдони теннис, толори гӯштингирӣ, толорҳои умумии варзиш ва машқ иборат мебошад.

Дар 3 корти теннис 12 утоқи либосивазкунӣ барои 300 нафар варзишгар, 4 толори варзиш бо таҷҳизоти муосир, толори нишастҳои матбуотӣ барои 120 нафар, қаҳвахона ва 10 лифт ҷой гирифтааст.

Дар ошёнаи дуюми Қасри теннис толор барои бозиҳои футболи хурд, тенниси рӯи миз, волейбол, баскетбол, толори гӯштин, обутоби бадан, аэробика, гимнастика ва ғайра мавҷуд аст.

Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар ва яке аз иншооти бузурги ҷашнии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

50135798183_6dae8a2a44_oВарзишгарон, ҷавонони саодатманду хуштолеи кишвар ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми шоиста — бунёди чунин як маҷмааи бузург ва таъмини шароити зарурии машқу тамрин изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Дар як қисми маҷмааи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи гуногун ва машқу тамрини варзишгарон 8 майдони тенниси кушод бо масоҳати 5500 метри мураббаъ сохта шудааст.

Маҷмааи нави варзишӣ ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ ва барои баргузории на танҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ мувофиқ аст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншоот ва шиносоии пурра бо имкониятҳои дар он фароҳамовардашуда дар Қасри теннис дар ҳузури ҷавонону наврасон ва варзишгарони кишвар суханронӣ карданд.

Пешвои миллат ифтитоҳи иншооти бузурги варзиширо ба ҷавонони кишвар ва сокинони пойтахт табрик гуфта, ба бунёдкорони маҷмаа барои иҷрои босифати корҳо арзи сипос карданд.

Ороиши маҷмаа бо таҷҳизоти ҳозиразамони нурпошӣ мавзеи зебоманзари пойтахтро ба макони афсонавӣ табдил додааст.

Бояд гуфт, ки тайи се соли охир дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳибкорону ташаббускорон беш аз 250 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон ба маблағи умумии зиёда аз 205 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Ҳамзамон бо ин, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе калонтарин варзишгоҳ бо 30 ҳазор ҷои нишаст бунёд шуда истодааст, ки туҳфаи беҳтарин ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мегардад.

www.president.tj