Ифтитоҳи аввалин эстакада дар Душанбе

№109 (3903) 06.09.2018

DCIM100MEDIADJI_0017.JPG5 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт зимни маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон иштирок намуданд. Он дар доираи амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» ­бунёд гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони эстакада 22 июли соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Он вақт Сарвари давлат ба фармоишгарону паймонкорон ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба сомон расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода буданд.

Инак, муҳандисону роҳсозони варзидаи ватанӣ бо ҳамкорони хориҷӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншоотро дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд рӯзҳои таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Чорсӯйи нав аз се сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дувуми чорроҳа роҳи давродаврӣ бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр бунёд гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни боздид аз иншоот ва суҳбат бо роҳсозон ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва ҷиҳати назорати роҳи мазкур, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст, масъулинро муваззаф намуданд. Зимни сохтмони эстакада чор роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд ёфтааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, роҳи сеқабата бо асфалти замонавӣ бо иловаи маводи кимиёвие, ки рӯйпӯши роҳро устувору қавӣ ва ба лағжиш тобовар менамояд, амалӣ гардидааст. Ба гуфти масъулин, ин навъи асфалт бори нахуст дар Тоҷикистон истифода мегардад ва муҳлати баҳрабардорӣ аз он назар ба дигар намуди он 4 – 5 сол зиёдтар мебошад. Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ ва дар доираи он нақби барқи баландшиддат бо дарозии 730 метр бунёд гардидааст. Барои рӯшноидиҳӣ 121 сутунпоя насб шудааст.

Фармоишгари иншоот Вазорати нақлиёт – Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳо «Синдзян-Бейсин» -и Ҷумҳурии Халқии Хитой аст. Назорат аз болои сифати сохтмон ба дӯши Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон буд. Дар доираи корҳои сохт­монӣ, ҳамчунин, навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ шудаанд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада, ҳамчунин, такядеворҳои рӯйизаминӣ бо дарозии 568 метр ва зеризаминӣ бо дарозии 480 метр бунёд шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардид ва сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ назорат мешуд. Ҳангоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти транзитӣ 240 нафар бо маоши хуб таъмин буданд, ки наздик ба 80 дарсади онҳоро мутахассисони варзидаи маҳаллӣ дар бар мегирифт.

Бояд таъкид дошт, ки татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.

www.president.tj