Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар Душанбе

№93 (3573) 23.07.2016

13717349_1093324210737764_7969418822604530471_o22 июли соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои иловагии таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бинои нави таълимиро барои 640 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода, бо сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити таълиму тарбия дар он шинос шуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91, ки дар маҳаллаи сераҳолии Гипроземи шаҳри Душанбе ҷойгир аст, аз соли 1986 фаъолият дорад ва барои 960 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда буд. Тайи солҳои охир бо зиёд гардидани теъдоди хонандагон ба мушкилоти зиёди нарасидани синфхонаҳо мувоҷеҳ шуд.

Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави иловагӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки дар ин муассисаи таълимӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 3500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шавад.

Бинои нави иловагӣ аз чор ошёна, 31 синфхонаи барҳаво ва замонавӣ, аз ҷумла ду синфхонаи таълими меҳнат ва кабинети омодагии ҳарбӣ иборат мебошад. Дар саҳни ҳавлии он майдони варзишии замонавӣ бунёд шудааст. Бартарияти дигари муассисаи навбунёд дар он аст, ки рафти таълиму тарбия, баргузории дарсҳои амалию назариявӣ ва рафтору муомилаи толибилмону омӯзгорон аз як ҳуҷра тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.

Бинои нави иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ бо харҷи беш аз 8,5 млн. сомонӣ бунёд шудааст. Корҳои сохтмонии онро Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Ниёз» дар давоми камтар аз як сол анҷом дод.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои алоҳида зимни суҳбат бо муҳассилин онҳоро ба азхудкунии донишҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои компютерию забономӯзӣ ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҳидоят намуда, масъулини соҳаро вазифадор кард, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимии мамлакат мутобиқ ба шароиту имконоти хуби муҳайёгашта беҳтару хубтар гардонанд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе имкон фароҳам овардааст, ки танҳо дар зарфи даҳ соли охир дар назди муассисаҳои таълимии амалкунанда 13 бинои нави иловагии дорои муосиртарин шароит барои 5378 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шавад.

Зимни суханронӣ дар ҳузури ҳайати омӯзгорон ва шогирдони муассисаи таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки толибилмон бо истифода аз шароити муҳайёкардаи давлату Ҳукумат ва тавассути хониши аъло ба мақсадҳои неки худ расида, дар оянда якҷо бо ҳамсолони худ дар ободонию пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муносиб мегузоранд.

 www.president.tj