Ифтитоҳи «Боғи кӯдакон» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

№82 (3876) 05.07.2018

43117783722_8b020e4f1d_oСеюми июли соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ «Боғи кӯдакон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди «Боғи кӯдакон» ва таъмири асосии бинои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасон»-и шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ, сабзазоркунии боғу гулгаштҳо, инчунин сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 600 нафар ба кор ҷалб гардиданд.

Дар «Боғи кӯдакон», ки дар масоҳати наздик ба 3 гектар доман паҳн кардааст, барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шудааст.

Амфитеатри тобистона шакли нимдавра ва 680 метри мураббаъ масоҳат дорад. Бинои қаҳвахонаи тобистона якошёна буда, дар масоҳати 350 метри мураббаъ барои 100 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Дар даромадгоҳи асосии боғ дарвоза бо баландии 10 метр насб ва дар гирду атрофи он ҳайкалчаҳои афсонавӣ ҷойгир гардидаанд Инчунин, аз ду тарафи даромадгоҳ фаввораҳои чароғон сохта шудааст.

Мизи шоҳмот, ки дар як гӯшаи боғ сохта шудааст, росткунҷашакл буда, андозааш 15,6 ба 13,2 метр мебошад.

Дар даромадгоҳи бинои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе ду пергола ҷой гирифтааст, ки шакли арка дошта, бо равшаннамоии рангоранг хизмат мерасонад.

Дар қисми шимолу шарқии боғ таваққуфгоҳ барои 60 автомашина пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, барои назорат намудани боғ 30 адад камераи муосири мушоҳидавӣ насб гардидааст. Барои сайругашт дар дохили боғ бошад, роҳравҳо ба масоҳати 5200 метри мураббаъ аз тахтасангҳои гуногунранг сохта шуда, инчунин, зиёда аз 120 курсии гуногуншакл насб намудаанд.

Равшаннамоии боғ аз зеристгоҳи барқии мавҷуда бо насб намудани чароғакҳои равшанидиҳандаи баландиашон гуногун бо 30 адад прожектор бо равшанидиҳии рангоранг ва чароғакҳои ороишӣ барои равшаннамоии дарахтон ва биноҳо ба анҷом расонида шудааст.

Масоҳати сабзазор 15 ҳазор ­метри мураббаъ мебошад ва дар боғ 950 дарахти гуногуни сояафкану ороишӣ, аз ҷумла сарв, сафедор, каштан, клен, липа, магнолия, можевелник, сирени ҳиндӣ, олуи «Вуди», соснаи одӣ, туя, сосна сливестри, канзан, каталпа ва ел аз хориҷи кишвар оварда шинонида шудааст.

ҳамчунин, барои дилхушии кӯдакон тибқи лоиҳа 40 адад бозичаи афсонавии гуногун, ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргӯш аз филмҳои тасвирӣ ҷой гирифтааст.

Инчунин, 115 чархофалак аз Туркия ва Италия ворид карда шуда, насб гардидаанд. Аз ҷумла, бозичаҳои пружинадори ҳаракаткунанда, ҳаллоҷӣ, атраксионҳо, бозичаҳои худҳаракаткунанда, хоначаи чӯбин, роҳи оҳан, пули занҷирӣ, дучархаҳо ва асбобҳои махсус барои машқ мавҷуданд.

Мавриди зикр аст, ки зимни азнавсозии боғ бо супориши Пешвои миллат Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе иборат аз 28 синфхона, китобхона, толори маҷлис, толори рақс ва ғайра низ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Бо шароити истироҳату фароғате, ки дар ин ҷо муҳайё шудааст, «Боғи кӯдакон» ба як дунёи дар ҳақиқат рангини афсонавӣ мубаддал гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои анҷомёфта ва ободонии боғ баҳои баланд ва дастур доданд, ки барои солҳои зиёд ба мардум хизмат расонидани он талош варзанд.

www.president.tj