Ифтитоҳи чанд иншоот ва оғози бунёди корхонаи истеҳсоли об дар шаҳри Душанбе

№36 - 37 (3880-3881) 20.03.2018

 Арена19 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар як қатор иншооти навбунёд ба истифода дода, ба бунёди Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» оғоз бахшида шуд. Дар ибтидо дар кӯчаи Умари Хайёми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Донишгоҳи аграрӣ, майдони варзишии «Душанбе Арена» мавриди истифода қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» сохта шуда, масоҳати умумии он 1,2 гектарро ташкил медиҳад.

Майдони варзишии «Душанбе Арена» бо паҳноии 45 ва дарозии 90 метр тибқи меъёрҳои Федератсияи байналмилалии футбол бо 1000 ҷойи нишаст бунёд гардидааст.

Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷоми корҳои сохтмонӣ дар майдони варзишии «Душанбе Арена» баҳои баланд доданд.

Мавриди таъкид аст, ки танҳо дар соли 2017 дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 70 майдончаи варзишӣ бунёд гардидааст ва дар соли 2018 бунёди зиёда аз 90 майдончаи варзишии дигар ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон дар иншооти сохташавандаи варзишӣ корҳои ободонӣ бо суръат идома доранд. Майдончаҳои варзишӣ дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд сохта мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дар майдони варзишии «Душанбе Арена» барои гузаронидани мусобиқаҳои футбол ва машқу тамрин шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо мақсади оммавигардонӣ ва рушди бемайлони варзиш таблиғи тарзи ҳаёти солим роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Суръат гирифтани корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе имкон фароҳам оварданд, ки наврасону ҷавонон ба варзиш ҷалб ва дар заминаи дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ муваффақу комёб мегарданд.

Имконият ва шароити арзандаи фароҳамовардашуда варзишгаронро водор месозад, ки беш аз пеш маҳорати варзишии худро  такмил ва сайқал дода, шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ҳифз намоянд.

 АфсонаАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иншооти фароғатии «Дунёи афсона» — ро барои кӯдакони хуштолеи кишвар мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи маҷмааи «Дунёи афсона» — ро Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» — и шаҳри Душанбе дар асоси фармоиши Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминиии тоҷик» таҳия ва дар майдони 2,5 гектар бунёд карданд.

«Дунёи афсона» дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» сохта шудааст ва дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 — сола пешбинӣ шудааст.

Маҷмааи дилхушии кӯдаконаи «Дунёи афсона» бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, ки исботи таваҷҷуҳи беандозаи Сарвари давлат нисбат ба насли ояндаи кишвар мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулон барои бештар намудани шумораи чунин марказҳои дилхушӣ барои кудакону наврасон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Дар як тарафи маҷмааи зикршуда пайкараҳои азимҷуссаи динозаврҳо гузошта шудааст, ки бо қувваи барқ ҳаракат карда, садо мебароранд. Сохтани ҳайкалҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ дар ҳудуди маҷмаа олами афсонаи кӯдаконро боз ҳам рангин мекунад.

Дар рӯзи ифтитоҳи «Дунёи афсона» аз аввалинҳо шуда, 20 нафар кӯдак, ки дар асоси иқдоми навбатии инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ройгон ҷарроҳии  нуқсонҳои модарзодии дил гузаронида буданд, ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Пас аз гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ онҳо комилан саломату бардам гардида, имкон пайдо карданд, ки ба мисли дигар ҳамсолони худ  ба бозиҳои серҳаракат машғул шаванд.  Кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошанд.

Падару модарони кудакони ҷарроҳишуда ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Бояд гуфт, ки то ин дам табобати чунин бемориҳои дил дар хориҷи кишвар ва он ҳам бо харҷи зиёди маблағ гузаронида мешуд.

Дар як гӯшаи иншооти фароғатии кӯдаконаи «Дунёи афсона» барои ҷавонону наврасон ду майдончаи варзишии намудҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд, теннис ва таҷҳизоти алоҳида барои тамрини бадан бунёд ёфтааст.

Дар ин маҷмааи навбунёд даҳҳо нафар зану мард бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.

СиёмаАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018 — 2028», ки пешниҳоди бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба бунёди Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» дар шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд.

Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, лоиҳаи сохтмони Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» яке аз иқдомҳои наҷиб барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби ошомидании аз лиҳози экологӣ тоза ва шифобахш ба ҳисоб меравад.

Иншооти мазкур бо маблағи умумии 15 миллион доллари ИМА бунёд карда хоҳад шуд. Дар корҳои сохтмонии ин корхонаи истеҳсолӣ, ки наздик ба ду сол идома меёбад, 150 нафар коргари маҳаллӣ ҷалб ва баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» аз ҷониби фармоишгар ҶДММ «Авеста гурӯҳ» ва пудратчӣ ҶДММ «Строй сентр» бунёд карда мешавад. Таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз ширкати бонуфузи фаронсавии «Сидел» оварда мешавад, ки дар арсаи байналмилалӣ, дар байни истеҳсолкунандагони об, ҷойи намоёнро ишғол менамояд.

Оби дарёи Сиёма, ки дар масофаи 50 км дур аз шаҳри Душанбе дар дараи хушманзараи Варзоб қарор дорад, аз қабати пиряхҳо ва барфҳо сарчашма мегирад ва тибқи ташхисҳои бисёркарата яке аз обҳои шаффофу пурсафои ҷаҳон ҳисобида мешавад. Мутобиқи тадқиқоти олимони соҳа оби Сиёма ба организми зинда таъсири мусбӣ расонида, барои тавоноии тан, бахусус кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва тозакунии организм басо фоидаовар арзёбӣ шудааст. Бояд қайд намуд, ки оби Сиёма дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардида буд, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки лоиҳаи «Сиёма» аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ манфиатовар ва тибқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва санитария иқдоми басо саривақтӣ мебошад. Бо гузоштани санги асоси Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма» Сарвари давлат ба масъулин дастур доданд, ки онро сари вақт ва бо сифати баланд сохта мавриди истифода қарор диҳанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ҷойҳои кории нав таъсис ёфта, дастрасии аҳолӣ ба оби маъдании «Сиёма», ки хусусияти шифобахшӣ дорад, имконпазир мегардад.

ЧавононАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Боғи фарҳангӣ- фароғатии «Ҷавонон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» шумораи зиёди соҳибкорони пойтахт, фаъолон ва аҳли зиёи кишвар иштирок карданд.

Баъди ифтитоҳи маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомдодашудаи сохтмонӣ шинос шуданд.

Корҳои ободонӣ ва таъмиру барқарорсозии боғи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва заҳмати якҷояи мутахассисону бинокорони пойтахт дар сатҳи хеле баланд анҷом ёфтааст.

Президенти мамлакат ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон, муаллифони тарҳи нав ва мутахассисону бинокороне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахти кишвар заҳмат кашида, онро ба як фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ табдил додаанд, аз номи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос карданд.

Дар доираи корҳои таҷдид дар боғ бинову иншооти зиёд, аз ҷумла бинои маъмурӣ, «Картодром», қаҳвахонаҳои «Азия», «Австралия», обанборҳо ва айвону нишастгоҳҳо, фаввораҳои бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз, дигар иншооти ёрирасони замонавӣ бунёд шуда, хатҳои обтаъминкунӣ, шабчароғҳо ва ноқилҳои барқӣ пурра таъмир гардидааст.

Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» аз ду даромадгоҳ, аз ҷумла асосӣ ва ҷанубӣ иборат аст. Даромадгоҳи боғ бо сутунпояҳои бошукуҳу гулҳои мавсимӣ ороиш ёфтааст, ки таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро ҷалб месозанд.

Ба хотири ташкилу ба роҳ мондани фароғати хуби ҷавонон, дар баробари қаҳвахонаҳо, майдончаи футболи хурд, баскетбол, волейбол ва дар гӯшаи дигари боғ барои машқу тамрини сокинон, аз ҷумла ҷавонон ва наврасони пойтахт, шароит муҳайё карда шудааст.

Иншооти мазкур дар масоҳати 130 ҳазору 170 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 116 нишастгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои кории кормандон, маҷлисгоҳ ва ғайра мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити боғ шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонии майдонча, ки дар масоҳати 553 метри мураббаъ бунёд гардидааст, баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ҷалби кӯдакону наврасон ба бозиҳои гуногун дастур доданд.

Боғ аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгӯ буда, дар гӯшаву канори он камераҳои назоратӣ ва 13 дастгоҳи радиошунавонӣ насб шудааст.

ПулАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ воқеъ дар назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт пули роҳи оҳанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур бо гузашти солҳо фарсуда шуда, ба таъмир ниёз пайдо карда буд.

Лоиҳаи навсозии пули роҳи оҳан, ки фармоишгар ва пудратчии он КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мебошад, аз ҷониби ҶДММ «COOL DESIGN» тарҳрезӣ гардидааст.

Дар доираи навсозии пули мазкур, дар баробари таъмиру тармими хатти роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ оро дода шудааст, ки аломатҳои ороишии онро таҷҳизоти равшандиҳанда зиннати иловагӣ мебахшанд.

Корҳои сохтмонӣ дар қисмати поёнии пул низ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ороишии муосир бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Дар гирду атрофи пул, ки таъмир гардидааст, ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

Дар ҷараёни мавриди баҳрабардорӣ қарор додани пули роҳи оҳан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи таъмири пули роҳи оҳани хиёбони Абӯалӣ Ибни Сино муаррифӣ карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои иҷрогардида баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки дигар иншооти шаҳри Душанбе низ бояд мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозии муосир ва бо ба инобат гирифтани фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонии сокинони шаҳр амалӣ карда шаванд.

Ҳамчунин, ба масъулон дастур дода шуд, ки ба корҳои созандагӣ, аз ҷумла маъракаи ниҳолшинонӣ ва гулзоркунӣ тақвият бахшида, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳри Душанбе тадбирҳои лозимаро амалӣ намоянд.

www.president.tj