Ифтитоҳи иншооти муҳим дар шаҳри Душанбе

№99 (3893) 16.08.2018

44026285351_1bd2a9d6cd_oСубҳи 14 — уми августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ бахшиданд.

Муассисаи таълимии мазкур таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил, бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.

Бинои муассиса аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.

Қитъаи замини ҷудогардида барои сохтмони бино якуним гектар буда, масоҳати умумиаш 9 ҳазору 660 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки санги асос барои бунёди чунин як муассисаи наву муосир аз ҷониби Пешвои миллат гузошта шуда буд. Корҳои сохтмонӣ бошад, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе моҳи июли соли 2017 оғоз гардид.

Бинои нав туҳфаи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи дониш ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорону хонандагон ба ҳисоб меравад.

Муассисаи таълимии мазкур дар ду баст барои 3 ҳазору 120 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ, бинои нав дорои 61 синфхона, аз ҷумла 43 синфхонаи таълимӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, 5 синфхонаи фаннии физика, кимиё, биология, география ва омодагии ҳарбӣ мебошад.

Ҳамчунин, барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ 4 синфхона бо тамоми шароит омода гардидааст. Дар мактаби нав 2 синфхонаи лингафонӣ, синфхонаи суруд, 4 синфхонаи таълими меҳнат, дуредгарӣ, дӯзандагӣ ва қаннодӣ низ амал мекунад. Ин тадбири муҳим имкон медиҳад, ки хонандагон дар баробари дониш­омӯзӣ, ҳамчунин, касбу ҳунарҳои гуногунро омӯзанд. Дар синфхонаи таълими меҳнат духтарон имкон доранд, ки касби дӯзандагӣ ва писарон нозукиҳои касби дуредгариро аз худ намоянд.

Китобхонаи муассисаи таълимӣ дар масоҳати 192 метри мураббаъ бунёд шуда, бо таҷҳизоти муосир, асарҳои бадеӣ ва китобҳои илмӣ таъмин мебошад.

Дар мактаби навбунёд китобхонаи электронии дорои шароити муосир мавҷуд аст. Барои ба варзиш машғул шудани хонандагон толори барҳавои варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст бунёд шудааст. Иншооти мазкур, ҳамчунин, дорои ошхона барои 180 ва маҷлисгоҳ барои 250 ҷойи нишаст мебошад.

Барои таъмини бехатарӣ ва назорати ҷараёни таълим дар дохил ва атрофи бинои муассисаи таълимӣ қариб 120 адад камераи назоратӣ насб гардидааст.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои муассисаи нави таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро барои соҳибмаълумот намудани насли наврас, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба камол расондани онҳо даъват намуда, хонандагонро бештар барои аз худ кардани донишҳои муосир, махсусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав, ҳидоят карданд.

Муассисаи таълимӣ ду хати озоди баландшиддат аз зеристгоҳи барқӣ ва 2 зеристгоҳи 1000 киловата дорад. Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ пурра таъмин намудани синфхонаҳо ва утоқҳои кории муассисаи таълимӣ он бо хати гармидиҳии мутамаркази шаҳрӣ, инчунин системаи мустақили гармидиҳии муассиса ба се адад дегхона пайваст мебошад.

Дар баробари ин, бино бо сис­темаи аз сӯхтор огоҳкунанда ва бо шабакаи интернет, системаи радио­шунавонӣ таъмин аст. Барои сабзу хуррам гардондани атрофи бинои нави муассисаи таълимӣ дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Ҳамчунин, барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд, волейбол ва басткетбол, майдончаи муосири варзишӣ ва майдончаи ҳарбӣ, сохта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ҳамчун соҳаи пешбарандаи ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд ва бунёду навсозии муассисаҳои таълимии муосир низ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошад, ки барои таъмини пешрафти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалӣ карда мешавад.

14 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бунёди бинои беморхона моҳи апрели соли 2017 оғоз гардид. Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои хизматрасонӣ ба корҳои сохтмонии Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст баҳои баланд доданд.

Беморхона аз чор ошёна иборат буда, дорои 69 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои корӣ, дарсӣ, китобхонаи электронӣ, бойгонӣ, қабулгоҳи беморон, шуъбаҳои бемориҳои пӯсти калонсолон, бемориҳои пӯсти хурдсолон, ташхисгоҳ, физиотерапевтӣ ва бахши гиёҳдармонӣ мебошад.

Дар 5 озмоишгоҳи беморхона, аз ҷумла озмоишгоҳи клиникӣ, биохимиявӣ, серологӣ, вирусологӣ ва иммунологӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб карда шудааст, ки қаблан чунин имконоти ташхису табобат мавҷуд набуд.

Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст, ҳамчунин, дорои маҷлисгоҳ барои 100 нафар, толори варзишӣ, болобар (лифт) ва 50 кат барои беморон мебошад.

Дар пойгоҳи беморхонаи мазкур кафедраи дерматовенералогияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикис­тон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият дорад, ки барои донишҷӯён дар он шароити арзанда фароҳам мебошад.

Бахши гиёҳдармонӣ дар фаъолияти Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст мавқеи махсус дорад. Дар он тавассути номгӯйи васеи гиёҳҳои шифобахш мутахассисон хизматрасониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мемонанд.

Бинои Беморхонаи клиникии шаҳрии касалиҳои пӯст бо системаи гармидиҳӣ, хати озод ва аз сӯхтор огоҳкунанда пайваст мебошад.

Шароити муҳайёгардида, аз ҷумла, насби дастгоҳу таҷҳизоти нодири тиббӣ дар беморхонаи мазкур, имкон фароҳам меорад, ки хизматрасонӣ ба сокинон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Дар саҳни бинои беморхона Пешвои миллат бо кормандони соҳаи тандурустӣ суҳбати озоду самимӣ намуда, табибонро ба хизматрасонии сатҳи баланд ба аҳолӣ ва иҷрои содиқонаи вазифаи муқаддасашон ҳидоят карданд.

www.president.tj