Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№106 (4212) 01.09.2020

50293390252_178902d254_o1 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами ­Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшида шуд.

 Бинои нави Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ки бо тарҳи муосир бунёд ёфтааст, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» мебошад. Барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуда буданд. Корҳои бунёдӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба иҷро расидаанд.

Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ки таърихи 85 — сола дорад, соли 1935 таъсис ёфтааст. Ин боргоҳи илму маърифат ва касбу ҳунар солҳои тӯлонӣ дар биноҳои гуногун фаъолият кардааст. Бо дарназар­дошти ҷавобгӯ набудан ба талаботи замон соли 2014 сохтмони бинои нави коллеҷ оғоз шуд.  Бинои наву замонавии муассисаи таълимӣ дар Осиёи Марказӣ назир надорад.

Аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулон барои омода кардани мутахассисони баландихтисос бо истифода аз имкониятҳои васеи илму ҳунаромӯзӣ дастур доданд. Супориш дода шуд, ки дар раванди таълим ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ ва англисӣ, диққати ҷиддӣ дода шавад.

Бинои навсохти Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дорои 28 кафедра, 146 синфхона ва 8 толори барҳавои лексионӣ аст, ки бо мизу курсӣ, аёнияти таълимӣ ва муосиртарин технология, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз мебошанд. Бинои нави таълимӣ барои таҳсили 3 ҳазору 500 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» аз рӯи 12 ихтисос, аз ҷумла, корҳои табобатӣ, момодоягӣ, ҳамширагӣ, ҳамширагӣ дар косметология, дандонсозӣ, табобати дандон, тиббӣ — офиятӣ, фарматсевтӣ, тиббӣ — ташхисӣ, тиббӣ-профилактикӣ, истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ, ташхис ва табобати нурӣ мутахассисон омода карда мешаванд.

Соли ҷорӣ дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ омодасозии мутахассисон аз рӯи ихтисоси нав — «Кори ҳифзи иҷтимоӣ» низ дар муассиса ба роҳ монда шуд.

Синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои омӯзгорон бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва хати интернет пайваст мебошанд. Дар китобхонаи коллеҷ наздик ба 65 ҳазор номгӯи адабиёти таълимӣ, методӣ, тахассусӣ, илмию бадеӣ ва сиёсиву фарҳангӣ мавҷуд аст. Илова бар ин, китобхонаи электронӣ бо 15 компютери бо шабакаи интернет пайваст муҷаҳҳаз мебошад ва дар хазинаи он зиёда аз 3 ҳазору 200 номгӯи адабиёти гуногун дар шакли электронӣ мавҷуд аст.

Теъдоди умумии компютерҳо дар муассиса 440 адад­ро дар бар мегирад. Ҳамчунин, 109 принтер, 87 тахтаи электронӣ ва 82 видеопроектор мавҷуд аст, ки дар раванди таълим донишҷӯён аз онҳо босамар истифода менамоянд.

Айни замон дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 7 ҳазору 569 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 5 ҳазору 550 нафараш духтарон мебошанд. Ба онҳо 321 омӯзгор, аз ҷумла, 85 нафар бо дараҷаи тахассусии олӣ, 64 нафар тахассуси якум ва 49 нафар тахассуси дуюм дарс мегӯянд.

defaultҶиҳати мутобиқ намудани раванди таълим ва машғулиятҳои амалии донишҷӯён ба меъёрҳои байналмилалӣ дар  Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ якчанд маркази  таълимию табобатӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла, Маркази таълимӣ — табобатии «Ҷарроҳия», Маркази таълимӣ – табобатии «Стоматология», Маркази таълимӣ – истеҳсолии «Таъмири техника ва таҷҳизоти тиббӣ», Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш», Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Дорусозӣ», Маркази «Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ», Маркази «Омӯзиши малакаҳои амалӣ» ва «Осоишгоҳи таълимӣ-таҷрибавӣ ва фароғатӣ» таъсис дода шудааст, ки дар онҳо омӯзгорони соҳибтахассус фаъолият намуда, ба донишҷӯён машғулияти амалӣ мегузаранд.

Бинои асосии муассиса ҳамчун бинои маъмурӣ пешбинӣ шудааст, ки дар таҳхонаи он маркази тестӣ мавҷуд аст. Дар қабатҳои болоӣ утоқҳои корӣ, бойгонӣ, шуъбаҳои таълим, тарбия, илм ва ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шудаанд. Инчунин ошхона бо 200 ҷой ва барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳо толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст мавҷуд аст.

Дар саҳни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 3 майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол бо мақсади ба варзиш машғул шудани донишҷӯён бунёд шудааст. Онҳо ва толори барҳаво имкон медиҳанд, ки на танҳо мусобиқаҳои варзишии дохилимуассисавӣ, балки мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ низ ташкилу баргузор карда шаванд. Муассисаи навбунёд пурра бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст гардидааст. Раванди таълим тавассути дастгоҳҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.

Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марҳилаҳои ташаккули тибби тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ дорад, изҳори андеша карда, тарбияи мутахассисони баландихтисосро дар ин ҷода аз вазифаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ карданд. Таъкид шуд, ки соҳаи тандурустии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба  дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳифзи солимии аҳолиро, ки боигарии давлат аст, дар меҳвари сиёсат қарор додааст. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ муассисаҳои нави тандурустӣ бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳа муҷаҳҳаз карда мешаванд, то хизматрасонии тиббӣ ба сокинон  боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад. Пешвои миллат ба ҷамъоварӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳҳои шифобахши диёр низ диққати махсус равона карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар кабинети фармакогнозия ва истеҳсоли дорувории  коллеҷи мазкур 16 намуд маводи доруворӣ аз гулу гиёҳҳои шифобахш истеҳсол мешавад.

Ба иттилои масъулон, соли 2020 Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-ро 2 ҳазору 280 донишҷӯ аз рӯйи 12 ихтисос хатм намуда, соҳиби маълумоти миёнаи тиббӣ гардидаанд. Донишҷӯёни дурдасти мамлакат бо хобгоҳи замонавӣ ва дорои шароити арзандаи зист таъмин мегарданд. Дар саҳн ва атрофи бинои нави Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ки сабзкорӣ гардидааст, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд.

50293265321_b7bcbfa8e0_oМуассисаи нави томактабӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Шералӣ Холов дар заминаи дастгирӣ аз ташаббусҳои Давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакис­тон соли 2019 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида буд.

Фармоишгари иншоот Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷик кейтеринг сервис» мебошад. Корҳои паймонкории биноро Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Обшорон» ба анҷом расондааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 60 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон барои истифодаи пурсамар аз имконоту шароити мусоиди фароҳамгардида дар бинои нави таълимӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Бинои кӯдакистон, ки аз 2 бинои сеошёна бо таҳхона, 6 синфхона ва ҳуҷраҳои дигари ёрирасон иборат аст, барои 120 нафар пешбинӣ гардидааст.

Шаш синфхонаи кӯдакис­тон, ки аз ҳуҷраи либосивазкунӣ, хобгоҳ, ҷойи дастурӯйшӯӣ ва ҳуҷраи мураббӣ иборатанд, дорои шароити мукаммали таълиму тарбия мебошанд.

Дар ин даргоҳи маърифат барои ҷалби 40 кӯдак дар гурӯҳи калони томактабӣ, 40 нафар дар гурӯҳи миёнаи томактабӣ ва 40 нафар дар гурӯҳи хурд ба таълими ҳамаҷониба имкони пурра мавҷуд аст.

Омӯзиш дар кӯдакистон бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст ва барои таълиму тарбияи насли наврас мураббияҳои соҳибтаҷрибаю донандагони хуби забони англисӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар маҷмӯъ, дар даргоҳи нави таълимӣ 33 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Бинои муассисаи томактабӣ бо дарназардошти меъёрҳои мавҷуда сохта шудааст. Ҳангоми даромад ба бино дар он роҳрави алоҳидаи махсус барои афроди дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ низ бунёд гардидааст.

Кӯдакистон дорои лифт ва хати алоҳидаи барқу трансформатор мебошад.

Бинои нави таълимӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ, техникӣ ва бехатарӣ таъмин аст. Роҳравҳои дохили иншоот бо расмҳои қаҳрамонони афсонаҳои кӯдакона ҳамаҷониба оро ёфтаанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар даргоҳи маърифат бо тарбиятгирандагон суҳбати озоду самимӣ ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Дар кӯдакистон бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва солимгардонӣ толорҳои мусиқию варзишӣ ва синфхонаи гимнастикӣ низ таъсис ёфтааст.

Боғча, ҳамчунин, дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи методӣ ва ду ошхонаи барҳаво бо системаи даст­раскунии молу ашё ва хӯрок аз поён ба боло мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону мураббияҳо бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистонро туҳфаи арзишманди Давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, онҳоро даъват намуданд, ки барои тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ бо истифода аз имконоту шароити фароҳамгардида малакаю маҳоратро равона созанд.

Дар саҳни боғчаи нав 4 айвонча низ бо талаботи муосири баргузории машғулиятҳо сохта шудааст. Майдончаи ҳавлии кӯдакистон ҳам барои гузаронидани бозиҳои гуногун ва ҷалби наврасон ба солимгардонӣ мувофиқ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо имконоти фароҳамгардидаи таълиму тарбияи насли наврас дар кӯдакистон ба соҳибкори ватанӣ барои дастгирии ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Қайд гардид, ки амалисозии ин гуна иқдомҳои наҷиб омили муҳим дар роҳи татбиқи босифату босамари «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 -2020» ба шумор меравад.

Атрофи бино дар масоҳати 110 метри мураббаъ кабудизор карда, нишастгоҳҳо гузошта шудааст.

Намои биноро шабонгоҳ чароғҳои гуногун зинат мебахшанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сардхонаи ҶДММ «Маркази савдои деҳқон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, намоишгоҳи кишоварзиро аз назар гузаронданд.

50293278391_1217b3e8db_oИншооти мазкур. ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фирӯза Масиева бунёд гардидааст, барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзиву маҳсулоти ғизоӣ имконияти васеъ дорад. Аз ҷумла, дар сардхона имконият аст, ки 2000 тонна сабзавоту мева ва 1000 тонна дигар намуди маҳсулоти ғизои ниёз ба нигоҳубини хос дошта, захира карда шавад.

Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, насб гардидааст. Масоҳати умумии бино 3800 метри муррабаъро ташкил медиҳад. Айни замон дар он ҷо 25 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд.

Дар сардхонаи нав, ки дорои анборҳои алоҳидаи нигоҳдории молу маҳсулот мебошад, барои кашонидани бор шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Иншооти мазкур, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст, имкон медиҳад дар ҳама фасли сол бозорҳои шаҳри Душанбе бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ таъмин гарданд. Дар баробари ин, маҳсули дастранҷи деҳқонони мамлакат дар сардхона захира ва дар ҳолати афзоиши талабот ба дигар кишварҳо содирот мегардад.

Дар оянда иқтидори сардхона ба 4 ҳазор тонна расонида, дар дохили он сехи коркарди меваву истеҳсоли консерва ба роҳ монда мешавад. Ба ин васила дар маҷмӯъ 80 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гашт.

Ҳоло бошад, дар шафати сардхона бо истифода аз шароиту имтиёзҳои фароҳамшуда соҳибкор сохтмони маркази хизматрасонии чорошёнаро идома дода истодааст, ки то охири соли ҷорӣ бо шароити муосир мавриди истифода қарор мегирад.

Дар иншооти навбунёд як толори намоишӣ бо масоҳати 600 мет­ри мураббаъ низ бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд. Дар намоишгоҳ асосан молу маҳсулоте, ки имконияти нигоҳубини онҳо дар сардхона мавҷуд аст, аз қабили навъҳои гуногуни ангур, тарбузу харбуза, бодирингу помидор, себу нок ва ғайра ба тамошо гузошта шуд.

Таъкид гардид, ки бо роҳандозии дурусти қоидаҳои агротехникӣ ҳар сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат афзоиш ёфта истодааст. Ҳамчунин, дар заминаи қабули барномаҳои давлатӣ майдони боғу токзор васеъ мегардад. Ин раванд имконият фароҳам овард, ки талаботи бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ қонеъ гардонда, содироти онҳо ба кишварҳои гуногуни олам ба роҳ монда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти баамаломада, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳолати ногувор қарор додааст, рушди соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар порча замин ва гирифтани чанд ҳосил аз онро омили асосии таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тоза маънидод ва масъулинро вазифадор карданд, ки барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ аз фаъолияти сардхонаҳои замонавӣ самаранок истифода бурда, дар дигар фаслҳои сол низ сабади истеъмолии шаҳрвандонро бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ғанӣ созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Он дар ду ошёнаи аввали бинои 18-ошёнаи навбунёди истиқоматӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Самти Рушд» таъсис дода шудааст.

50293435147_f89a0da1e2_oМаркази табобатии муассиса аз бахшҳои гинекологӣ, дандондармонӣ, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии пластикӣ, косметологӣ, педиатрӣ, дар маҷмӯъ, аз 12 утоқи хизмат­расонӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва дорухона иборат мебошад. Утоқҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии маркази табобатии муассиса бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббии ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Дар он ҷо ба корафтодагон аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи ғанӣ бо усули замонавӣ хизмат расонида мешавад.

Зимни шиносоии Сарвари давлат бо шароити муассиса маълум гардид, ки дар маркази табобатӣ се утоқи бистаринамоӣ мавҷуд мебошад ва дар ҳар кадоми он шароити хуб муҳайё карда шудааст. Тавре маълум аст, барои гузаронидани якчанд намуд ҷарроҳии пластикӣ сокинони мамлакат ба хориҷа сафар мекарданд, ки маблағи гарон ва вақти зиёд талаб менамуд. Акнун чунин имконият дар шаҳри Душанбе фароҳам оварда шуд ва ниёзмандон аз он бе мушкилӣ баҳравар мегарданд.

Ташхисгоҳ аз 30 утоқ, аз ҷумла, утоқҳои ташхиси микробиологӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ, патологӣ ва ғайра иборат буда, бо навтарин таҷҳизот таъмин мебошад. Дар ташхисгоҳ мутахассисони соҳибтаҷриба-вирусологони баландихтисос ба кор ҷалб гардидаанд, ки бо истифода аз технологияи мавҷуда имкони гузаронидани ҳама намуди ташхисро доранд. Фаъолияти ташхисгоҳ ба стандарти байналмилалии GMP мутобиқ аст. Дастгоҳу таҷҳизоти ташхисгоҳ муосиртарин буда, аз кишварҳои ИМА, Олмон, Австрия, Туркия ва Чин дастрас карда шудаанд.

Рӯзҳои наздик ба марказ боз се таҷҳизоти замонавии ташхисию табобатӣ ворид карда мешавад, ки дар мамлакат беназиранд. Баъди ба фаъолият шурӯъ намудани муассисаи нави тиббӣ дар маркази шаҳри Душанбе 75 нафар, аз ҷумла, 26 табиби ихтисосманд, ки дар хориҷи кишвар аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд, бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват» бо муассисаҳои машҳури соҳаи тандурустии кишварҳои пешрафта робитаи зичи ҳамкорӣ ва дар ин замина барои табодули таҷриба ва такмили ихтисоси кормандон имконияти васеъ дорад.

Бояд зикр намуд, ки Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар — Аҳват» дуюмин муассисаи тиббӣ мебошад, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Самти Рушд» таъсис дода шудааст. Қаб­лан аз тарафи ҷамъияти мазкур дар кӯчаи Абайи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чунин маркази муосири ташхисию табобатӣ таъсис дода шуда буд. Дар марказ, ки аз шуъбаҳои нефрологӣ, гемодиализ ва ташхисгоҳ иборат аст, 34 нафар мутахассиси соҳа ба мардум хизмат мерасонанд.  Дар шуъбаи гемодиализ 11 адад дастгоҳи замонавии истеҳсоли давлати Олмон насб гардидааст. Дастгоҳу таҷҳизоти ташхисгоҳ истеҳсоли Австрия ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷовобгӯ мебошанд. Марказ дорои мошини ёрии таъҷилии бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида мебошад, ки фаъолияти он ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Тайи солҳои охир Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои рушду пешрафти он ба хотири таъмини солимии аҳолӣ, ки боигарии давлат аст, имконоти фарохро ба вуҷуд овард. Ин аст, ки ҳоло, дар баробари мукаммал гардидани шароити хизматрасонӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ, ҳавасмандии бахши хусусӣ низ эҳсос мегардад. Акнун соҳибкорону сармоягузорон имкон доранд дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои наву замонавии солимгардонӣ таъсис дода, бо ба вуҷуд овардани рақобати солим дар беҳдошти саломатии аҳолӣ саҳм гузоранд.

Бинои Муассисаи ташхисию табобатии «Аҳвар-Аҳват» бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ таъмир гардидааст.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар муассисаи нави ташхисию табобатӣ баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки бо имконоти фарох аз кормандон пурра равона намудани маҳорату малакаи касбӣ ва саҳми арзишманд гузоштан дар солимии аҳолӣ талаб мегардад.

www.president.tj