Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№122 (4228) 01.10.2020

50396379088_8e383fbd14_o29 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шарифҷон Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои баландошёнаи истиқоматиро, ки бо санъати хоси меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он, ки аз 19 ошёна ва 591 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад, бо санъати баланди  меъморӣ ва шаклу намои зебо бунёд ёфтааст. Зимни сохтмони бинои истиқоматӣ, ки соли 2017 оғоз ёфт, зиёда аз 300 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардидаанд.

Бинои нав бо истифода аз нақшунигори миллӣ оро ёфта, ҳар як қисми он бо ду лифти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар маҷмӯъ, иншоот аз шаш қисм иборат буда, аз ҷониби Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Сарманзил» бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Он дорои таваққуфгоҳи зеризаминии дуошёна бо имконияти ғунҷоиши 285 нақлиёт, дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили дастрасӣ ба системаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ мебошад. Ҳамчунин, дар бинои баландошёна марказҳои хизматрасониву савдо ташкил гардидааст.

Гирду атрофи иншоот бо санъати баланд оро ёфта, дар он барои бозиву дилхушии кӯдакон майдончаи алоҳида, барои дӯстдорони варзиш майдони бозиҳои футболу баскетбол ташкил шудааст. Ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим дар назди бино барои машқу тамрини пагоҳирӯзӣ дастгоҳу лавозимоти варзишӣ васлу насб гардидааст, ки сокинон метавонанд аз он истифода баранд. Дар назди бино фаввораи зебо ва нишастгоҳҳои замонавӣ низ мавҷуд аст.

Хусусан, саҳни иншоот шомгоҳон зебову дилрабо ба назар мерасад. Майдонча, майдони бозии кӯдакон ва роҳравҳо пурра чароғон гардидаанд. Бинои истиқоматӣ, ҳамчунин, бо чароғакҳои ранга зебу оро ёфтааст.

Зимни суҳбат бо сохтмончиён Президенти мамлакат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд ва дастур доданд, ки барои нигоҳдории хуби имкониятҳои фароҳамшуда чораҳои зарурӣ андешанд, то ки шаҳрвандон тавонанд аз имконоти замонавӣ солиёни зиёд истифода баранд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имкониятҳои бинои нав, калиди ҳуҷраҳои истиқоматиро ба кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.

Дар бино 76 корманди ниҳоди мазкур соҳиби хонаи истиқоматӣ гардиданд, ки хонаҳо таъмиру тармим ва пурра бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили қолинҳои гуногун, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ва шароити созгори хизмат, барои хизматчиён, афсарони Артиши миллӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити муосири кору зиндагӣ фароҳам оварда шуда истодааст.

Хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои туҳфаи арзишманд изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии «Хуршеди Тоҷикистон»-ро, ки барои 600 ҷой муқаррар шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

50397242852_626777ca29_oОн аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дорои 24 толор, аз ҷумла толор барои бозӣ ва дарсҳои мусиқию рассомӣ, ошхона барои 275 нафар, ду ҳавзи шиноварӣ барои 48 нафар, маҷлисгоҳ бо 224 ҷойи нишаст, китобхонаи маъмулӣ ва электронӣ, утоқҳои роҳбарият ва идоракунӣ, маркази тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, фаввораву соябон ва гулгашт аст.

Фармоишгар ва пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳри зебои мо» мебошад. Маблағи умумии бунёду муҷаҳҳазгардонии иншоот 51 миллион сомониро ташкил дода, дар он 118 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шудаанд.

Лоиҳаи иншоот аз тарафи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод ва аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пажӯҳишгоҳи илмӣ — лоиҳакашии «Пирамида», бо инобат гирифтани мавқеи ҷойгиршавиаш ба таври ҷолибу афсонавӣ таҳия гардидааст.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон, синфхонаҳо бо асбобу айёнияти муосир муҷаҳҳаз гардидаанд.

Ҳар ошёна барои ҳашт гурӯҳи кӯдакон тарҳрезӣ шудааст. Сохтмони бинои кӯдакистон дар майдони 10 436 метри мураббаъ сурат гирифтааст. Масоҳати умумии он 12 000 метри мураббаъро ташкил дода, ҳар ошёна аз 2400 метри мураббаъ иборат мебошад.

Дар саҳни кӯдакистон фаввораҳои замонавӣ, майдончаҳои бозии футбол, бозии кӯдакон, соябонҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, таваққуфгоҳи автомобилӣ бо сифати баланду ороиши муосири меъморӣ бунёд ёфтаанд.

Дар таҳхонаи иншоот ошпазхона, анбор, ҳуҷраҳои санитарӣ, дастурӯйшӯйи кӯдакон, шустушӯи либосу матоъҳо, дарзмолкунӣ, машваратӣ, ошхона, ҳуҷраҳои мураббиён, ду ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои ҳавзҳои шиноварӣ, ҳуҷраҳои техникию муҳандисии бино ва хоҷагидорӣ ҷойгир шудаанд.

Дар ошёнаи якуми бино ҳашт гурӯҳ, ки ба ҳар кадом 25 кӯдак рост меояд, ҷудо шудааст. Дар ҳар гурӯҳ синфхона барои дарсхонӣ, ҳуҷраҳои бозикунӣ, хоб, санитарӣ барои мураббиён ва хурдсолон, ҳуҷраи хӯроктақсимкунӣ мавҷуд аст.

Маркази дилхушии кӯдакон бо масоҳати 415 метри мураббаъ  дар ошёнаи дуюми кӯдакистон сохта шудааст, ки дорои шароити муосир барои фароғати хурдсолон мебошад.

Барои гузаронидани маҷлису чорабиниҳо дар ошёнаи сеюми бино толор бо 22 ҷой бунёд гардидааст. Дар ошёнаи чорум барои кӯдакон синфхонаҳои дарсҳои иловагӣ, китобхона, ҳуҷраҳои компютерӣ ва дар қисмати дигари он толорҳои варзишӣ барои гимнастика, таэквандо, акробатика, толори расмкашӣ, мусиқӣ ва курсҳои иловагӣ сохта шудаанд.

Дар сохтмони иншоот 600 нафар бинокор ва дигар мутахассисони соҳа дар ду баст фаъолият кардаанд.

Барои ободонии гирду атрофи муассисаи томактабӣ низ корҳои мушаххас анҷом дода шудааст. Дар иншооти нав барои таъмини бехатарӣ 300 таҷҳизоти огоҳкунӣ аз сӯхтор ва 210 камераи мушоҳидавӣ насб гардидааст.

Барои ободу зебо гардонидани саҳн ва атрофи муассиса1160 метри мураббаъ мумфарш, 2545 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш карда, 300 ҳазор гули ороишӣ шинонида шудаанд. Равшаннамоии иншоотро 49 фурӯзонак таъмин мекунад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти муосиру хуштарҳро ба кӯдакони хуштолеи кишвар муборакбод гуфтанд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2017 то 8 моҳи соли 2020 дар шаҳри Душанбе 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 30 932 ҷой дар ду баст бунёд гардидааст.

Айни замон дар шаҳри Душанбе сохтмони 12 мактаб барои 13900 хонанда ва бунёди панҷ муассисаи томактабӣ барои 1350 нафар оғоз шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди истифода қарор доданд.

defaultОн барои бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва роҳбарии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Масоҳати он 2 гектарро ташкил медиҳад.  Сохтмони иншоот моҳи апрели соли 2020 оғоз гардида буд. Дар марказ барои бозомӯзии 400 нафар корманду мутахассис дар як вақт шароити муосир муҳайё гардидааст.

Он аз бинои дуошёна ва биноҳои якошёна иборат буда, бо таҷҳизоти соҳавӣ ва дастгоҳҳои махсус таъмин мебошад.

Дар бинои нави Маркази таълимии «Пойтахт», ки дорои қариб 20 синфхонаи дарсӣ, синфхонаҳои лингафонӣ мебошад, мутахассисони соҳа бо истифода аз технологияи пешрафта ба курсантон ва дигар шунавандагони курсҳои таълимӣ забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ, англисӣ ва чинӣ меомӯзанд. Раванди таълим тавассути тахтаҳои электронӣ ва дигар технологияи пешрафта ба роҳ монда шудааст.

Утоқҳои дарсӣ, машқгоҳҳо, меҳмонахона барои 100 нафар, ошхона бо 100 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои корӣ аз имкониятҳои марказ барои бозомӯзии хизматчиён мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи пурсамари шароити муҳайёгардида, тарбияи дурусти сарбозон дар роҳи ватандорӣ, ҳисси масъулияти баланд дар назди давлату миллат дастуру супоришҳо доданд.

Дар маркази таълимӣ, ҳамчунин, ҷиҳати ба машқу тамрин машғул шудани афсарону сарбозон ва шунавандагони курсҳои омӯзишӣ толори варзиш бунёд гардидааст, ки бо лавозимоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Дар дохили бинои навбунёд осорхона бо номи «Толори сабақи ватандорӣ» ташкил шудааст, ки сарбозону курсантон метавонанд ҳангоми фориғ аз машғулиятҳо дар он ҷо аз таърихи ташаккули Қӯшунҳои сарҳадӣ  ва корнамоии фарзандони фарзонаи миллат воқиф гарданд.

Маркази таълимии «Пойтахт» ба ғайр аз бинои таълимӣ боз дорои фермаи парандапарварӣ мебошад, ки дар он ҳафт намуди паранда бо саршумори 2500 адад парвариш меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт клуби варзишии «Парвиз Собиров»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

50397113566_bd654bd343_oМуассиси он ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров мебошад. Толори клуб бо риояи меъёрҳои сохтмонию меъморӣ ба маблағи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби даромади шахсии ӯ бунёд шудааст.

Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати зери сохтмони он 468 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар клуби варзишӣ 15 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, таҷҳизоти варзишӣ дар асоси фармоиши махсус дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.

Дар ошёнаи якум толори машқи бадан, ки дорои 45 намуд тренажёр барои 55 намуди варзиш мебошад, чор гурӯҳ — ҳар кадом 20 — нафарӣ дар ду баст, утоқи кории роҳбари маҷмаа, ҳуҷраи кории мураббиён, ҷойи ивазкунии сарулибос, ҳаммом ва ҳоҷатхона, дар ошёнаи дуюм толори машқу тамрини гӯштини тарзи дзюдо барои 4 гурӯҳ — ҳар кадом 20 — нафарӣ дар ду баст, дар маҷмӯъ, барои 100 нафар сохта шудааст.

Ифтитоҳи клуби варзишӣ имкониятҳои ба варзиш рӯ овардани ҷавононро дар пойтахт боз ҳам бештар кард.

Дар таҳхонаи бино ояндаи наздик тибқи нақша барои занону бонувон толори машқи бадан бо тамоми таҷҳизот ба истифода дода хоҳад шуд. Таҷҳизоти зарурии машқу тамрин аллакай харидорӣ гардидааст.

Дар шафати маҷмааи варзишӣ таваққуфгоҳ барои 15 мошин дар назар дошта шудааст. Атрофи бино чароғон карда, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида, роҳравҳои назди маҷмаа сафолакпӯш шудааст.

Дар толор 14 камераи мушоҳидавӣ ва 25 таҷҳизоти оташхомӯшкунӣ барои бехатарӣ аз сӯхтор насб гардидааст.

Баъди шиносоии пурра бо клуби варзишӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми варзишгари шинохтаи кишвар Парвиз Собиров барои ташаббуси шоиста, бунёди иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати таъсиси ҷойҳои кор ва фароҳам овардани шароит барои обутоби бадан изҳори сипос карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.

Он, ки соли 1962 бунёд гардидааст, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ навсозӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардид.

Шифохона барои табобату муолиҷаи ҳайати шахсӣ ва хизматчиёну аскарони Қӯшунҳои сарҳадӣ махсус гардонда шудааст ва имконияти табобати тамоми бемориро дорад.

Дар бинои чорошёнаи он шуъбаҳои қабули беморон, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, рӯҳ ва асаб, эҳёгарӣ ва мадҳушкунӣ, табобати дандон, ташхисгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ-биокимиёвӣ, вирусологӣ, утоқҳои рентген, ташхиси ултрасадо, кардиологӣ, амрози дарунӣ ва физотерапевтӣ мавҷуд мебошад.

Дар шифохона дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳаи тиб, аз ҷумла, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, оксигенераторҳо, дастгоҳи махсуси тиббӣ барои тоза кардани роҳи нафаси беморон, дастгоҳи барқии санҷиши кори дил, санҷиши сис­темаи асаб, дастгоҳи эндоскопӣ, кардиомонитор ва дигар таҷҳизот, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунё мебошанд, васлу насб шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар шифохона 350 кати хоб мавҷуд аст. Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷом­ёфта баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар баҳри беҳдошти саломатии афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар шабонарӯз заҳмат мекашанд ва амнияту суботи ҷомеаро таъмин менамояд, чунин шароити ташхису табобатро муҳайё кардааст.

Масоҳати умумии шифохона 7,5 гектарро ташкил дода, дар он биноҳои ташхисию табобатӣ ва ёрирасон ҷойгиранд.

Соли ҷорӣ, бо дарназардошти вазъи эпедимиявии ҷаҳони муосир, дар шифохона барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятӣ боз бинои нав сохта, ба истифода супорида шуд. Бинои нави дуошёнаи бемориҳои сироятӣ, ки аз 43 ҳуҷра ва 70 кати хоб иборат аст, бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини тиббӣ таъмин шудааст ва ба меъёрҳои замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Ҳуҷраҳои бино дорои катҳои хоб, дастгоҳҳои зарурии тиббӣ, утоқҳои алоҳидаи ёрирасон ва дигар шароит мебошад.

Дар шифохона шаш нақлиёти ёрии таъҷилӣ мавҷуд аст, ки барои сари вақт интиқол додани беморон пешбинӣ гардидаанд. Дар маҷмӯъ, дар шифохона 75 нафар фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо мутахассисони касбӣ мебошанд. Минбаъд табибони ҳарбӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадиро бо истифода аз катҳои функсионалӣ, ки қаблан мавҷуд набуд ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои навтарини соҳаи тиб ба ташхису табобат фаро мегиранд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои табобати афсарону сарбозон ва оилаҳои онҳо, ки ба табобат ва ёрии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, супоришҳои қатъӣ доданд. Инчунин, дар ҳамон ҷо Пешвои миллат ба сохтмони шаш қисм бинои истиқоматӣ, ки аз 16 ошёна иборат мебошанд ва барои хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шудаанд, санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар биноҳои истиқоматӣ, ки як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошанд, барои будубош ва зисти хизматчиёни ҳарбӣ беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад.

Биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, дар маҷмӯъ, 576 ҳуҷраро дар бар мегиранд.

Масъулони шифохона нақша доранд, ки дар фурсатҳои наздик шуъбаҳои нави табобати бемориҳои занона, маризиҳои пӯст, зуҳравӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаро низ таъсис дода, ба эҳтиёҷмандон хизмати баланди тиббӣ расонанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои истифодаи пурсамари имкониятҳои фароҳамгардида дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj