Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№104 (4054) 29.08.2019

48628376463_8700b325cc_o27 — уми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе ­Рустами Эмомалӣ дар арафаи таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Теҳрон 21 — и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт коргоҳи «Зари тоҷик»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Равшан» — ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти гуногуни заргарӣ ва шароити кору фаъолияти заргарон дар он шинос гардиданд.

Коргоҳи «Зари тоҷик» дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Равшан», ки соли 2012 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо мақсади коркарди ашёи хоми ватанӣ ба истифода дода шуда буд, фаъол гардонида шудааст.

Бинои корхона, ки дар масоҳати 1420 метри мураббаъ бунёд ёфтааст, аз се ошёна, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ошёнаи якуми бинои коргоҳ нахуст гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри заргаронро тамошо карданд.

Дар коргоҳ феълан 50 нафар, аз ҷумла, 20 нафар зану духтар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд. Маоши онҳо вобаста ба сатҳи касбият ва ҳаҷми корашон аз 1500 то 3000 сомонӣ пардохт карда мешавад.

Коргоҳ аз 5 сех, аз ҷумла, механикӣ — барқӣ, рехтагарӣ, зарҳалдиҳӣ, рассомию дизайнерӣ, бастубанд ва заргарӣ иборат аст. Дар онҳо асосан истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз тиллою нуқра, латун, сангҳои гуногуни қиматбаҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар ин ҷо, дар баробари маҳсулоти тайёри ороишӣ барои занону бонувон ҳамчунин дар асоси фармоиши мизоҷон, истеҳсоли ҳайкалчаҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, ашёи рӯзғор ва маҳсулоти дигари заргарӣ бо истифода аз нақшу нигори хоси миллӣ омода карда мешавад. Қуттиҳои махсус барои гирифтани маҳсулоти заргарӣ ва нигоҳдории онҳо низ бо санъати хоси кандакории тоҷикон дар ҳамин ҷо тайёр карда мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот дар корхона, ки асосан бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла, Канада, Италия ва Чин ба роҳ монда шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо дарназардошти фаровонии ашёи хом, яъне тиллою нуқра ва металлу сангҳои қиматбаҳо дар мамлакат ва талаботи зиёд дар бозори дохилу хориҷи кишвар ба ороишоту ҷавоҳирот, ба роҳбарияти корхона дастур доданд заминаи истеҳсоли маҳсулоти заргариро боз ҳам афзун ва шумораи коргаронро зиёд намоянд.

Роҳбарияти коргоҳ уҳдадор гардиданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди бинои бисёрошёна дар шафати коргоҳ боз 450 ҷойи нави корӣ муҳайё карда, шумораи умумии кормандонро то ба 500 нафар мерасонанд.

Дар коргоҳи заргарии «Зари тоҷик» дар як моҳ 3 килограмм тилло, 5 килограмм нуқра коркард ва аз онҳо маҳсулоти ниҳоии ороишӣ, дигар ашёи зарурии рӯзғор, аз ҷумла, армуғонҳо барои бозори дохилӣ, омода мегардад.

Дар маҷмӯъ, иқтидори коркарди коргоҳи нави саноатӣ дар як сол ба 36 килограмм тилло ва 60 килограмм нуқра баробар аст. Масъулин мегӯянд, ки баробари бо иқтидори пурра ба роҳ мондани фаъолият ин нишондод боз ҳам бештар ва шумораи ҷойҳои корӣ зиёд хоҳад шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар иқдоми созандаеро, ки ба манфиати давлату миллат мебошад, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва зикр гардид, ки саноатикунонии босуръати кишвар омили муҳим дар самти вусъат бахшидани иқтидори содиротӣ ва боз ҳам боло бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат мебошад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо раванди истеҳсолот ба сифати корҳои анҷомёфта ва таваҷҷуҳи зиёди соҳибкорони ватанӣ барои роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва коркарди пурраи ашёи хом дар дохили мамлакат баҳои баланд доданд.

48628876747_fa4018e7c9_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе ­Рустами ­Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои гуногун ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва бо хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд.

Корхона, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат аз ҷониби ҶДММ «Авесто гурӯҳ» бунёд ёфтааст, имконият дорад дар як сол 33 миллион литр об истеҳол ва ба харидорон пешниҳод намояд. Иншооти он бо муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, технологияи насбшудаи корхона истеҳсоли ширкати маъруфи «Сидел» — и Фаронса мебошад, ки дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ фаъолият мекунад. Муҷаҳҳазсозии Корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои гуногун ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» — ро мутахассисони ҷумҳуриҳои Фаронса, Италия, Лаҳис­тон, Чехия, Россия, Сербия, Мексика, Аргентина ва Испания анҷом додаанд. Технологияи «Сидел» пурра ба таври автоматӣ фаъолият менамояд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, дар корхона диққати аввалиндараҷа ба сифати маҳсулот дода мешавад. Хати истеҳсолӣ бо филтри тозакунии чорзинагӣ таъмин мебошад. Аз ҷумла, барои таъмини сифати хуб ва мутобиқсозии он ба талаботи ҷории байналмилалӣ об аз филтрҳои кварсӣ, карбонӣ, керамикӣ ва ионикунӣ гузаронида мешавад. Ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулот ва ҳифзи саломатии истеъмолкунанда аз низоми азоникунонӣ низ истифода бурда мешавад. Ин тадбирҳо, дар маҷмӯъ, сифати ҳамаҷонибаи маҳсулотро таъмин хоҳанд кард.

Истеҳсоли обҳои газнок, бегаз ва хуштаъм дар зарфҳои пластикӣ ва шишагии гуногунҳаҷм роҳандозӣ мегардад, ки намуди зоҳирӣ ва сифати онҳо ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Корхона имконият дорад, ки минбаъд на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигаронидашуда низ истеҳсол намояд.

Ба иттилои масъулин, ҳангоми васлу насби хати истеҳсолӣ дар асоси қарордодҳои баимзорасидаи ширкати «Авесто гурӯҳ» ва «Сидел»-и Фаронса мутахассисони маҳаллӣ аз курси омӯзишӣ гузашта, тартиби истифодабарии технологияро пурра аз бар намудаанд ва феълан мустақиман идораи фаъолияти хати истеҳсолиро амалӣ месозанд.

Хати технологии истеҳсоли маҳсулоти машруботӣ бошад, аз давлатҳои Аврупо, бахусус, аз ширкатҳои машҳури «Altec» — и Чехия ва «STM»-и Лаҳистон, инчунин аз «ЗавКом инжиниринг» — и Федератсияи Россия оварда, васлу насб карда шудааст. Бо мақсади пешниҳоди маҳсулоти аълосифат ташхисгоҳи муосир бо таҷҳизоти замонавӣ, бахусус, муайянкунандаи зичии дараҷаи машрубот, аз ширкати австриягӣ харидорӣ шудааст, ки айни замон дар Осиёи Марказӣ қиёс надорад. Машруботи дар корхона истеҳсолшаванда асосан барои содирот пешбинӣ гардидааст.

Айни замон 100 нафар дар корхонаи нав соҳиби ҷойи кор шудааст. Ҳангоми пурра ба кор даромадани он 160 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Ҳамчунин, 25 мутахассиси хориҷии дигар барои омода кардани кадрҳои маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Ба иттилои масъулин, барои боз ҳам беҳтару хубтар кардани шароит барои кормандон хуҷраҳои кории барҳаво бунёд ёфтаанд. Коргарон бо сарулибоси махсуси корӣ ва хӯрок таъмин мебошанд.

Ҳудуди корхона 1,4 гектар замин ва масоҳати бинои сохташуда 7500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар сохтмони бино зиёда аз 100 нафар мутахассиси соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ соҳиби ҷои кор гашта буданд.

Аснои шиносоӣ Роҳбари давлат ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд ва барои фаъолияти пурсамар, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулин дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Қобил ба тазаккур аст, ки барои ­бунёди корхона Пешвои миллат 19 — уми марти соли 2018 санги асос гузошта буданд.

Бояд гуфт, ки об барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз дарёи Сиёма, ки 55 километр дуртар аз пойтахти мамлакат қарор дорад, дастрас карда мешавад. Ин об дар Озмуни байналмилалии обҳои ошомиданӣ, ки соли 2001 дар ИМА баргузор гардид, ба даҳгонаи обҳои беҳтарини ҷаҳон шомил карда шуд. Тибқи тадқиқоти олимони соҳа, оби Сиёма, ки аз қабати пиряхҳо сарчашма мегирад, ба организми зинда таъсири мусбат расонида, барои тавоноии тан, бахусус, кори мушакҳо, рӯда, ҳазмкунии таом ва тозакунии организм басо фоидаовар мебошад. Барои кашонидани об корхона бо нақлиёти муосири соҳавӣ, ки таркиб ва хусусиятҳои онро ҳамаҷониба нигоҳ медорад, таъмин аст. Барои тақсимоти минбаъдаи об дар нуқтаҳои фурӯш воситаҳои нақлиёти махсуси калонҳаҷм бо ғунҷоиши 25 — тоннагӣ ва миёнаҳаҷм бо ғунҷоиши 4 — тоннагӣ бо насби тамғаи «Сиёма» харидорӣ шудааст. Дар назар аст, ки дар муҳлати наздиктарин шумораи нақлиёти боркаш то ба 200 адад расонида шавад.

Тоҷикистон, ки дар ҷаҳон аз лиҳози захираҳои оби тозаи ошомиданӣ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад, оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об ба нафъи аҳли башар кишвари ташаб­бускор эътироф шудааст.

Бо қабул гардидани ташаббуси чоруми Сарвари давлати Тоҷикистон ҳоло дар дунё даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» татбиқ шуда истодааст, ки дар доираи он пешниҳодҳои асосноку созанда ба миён гузошта шудаанд. Акнун Тоҷикистон ба яке аз марказҳои сиёсии баррасии масъалаҳои муҳими об дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Оби истеҳсолшавандаи «Сиёма» аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хеле манфиатовар ва муаррифгари кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Содироти минбаъдаи он метавонад манфиати хуби иқтисодӣ оварад. Ҳамчунин, фаъолияти корхона ба амалигардии «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» мусоидат хоҳад кард.

Ҳукумати мамлакат мақсад гузоштааст, ки тавассути таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ коркарди ҳар чӣ бештари ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, ба ин васила, Тоҷикистонро аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ ва содироткунандаи маҳсулоти тайёр табдил диҳад.

Танҳо дар нимсолаи якуми соли 2019 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1,3 миллиард сомониро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд мебошад. Ба таври дигар гӯем, тайи солҳои 2016 — 2018 ҳаҷми он қариб ду баробар афзудааст.

Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 462 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 адад зиёд мебошад.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намудани коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсоливу хизмат­расонӣ нишонаи пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, қадамҳои устувор ба самти рушди дарозмуддати кишвар ва ободии пойтахти мамлакат мебошанд.

48628409203_697d9d6175_o 27 август дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе ­Рустами ­Эмомалӣ, ҳамчунин, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон» — ро ифтитоҳ бахшиданд.

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон», ки роҳбариашро соҳибкори ҷавон Тоҳир Ҳукуматов ба уҳда дорад, аз соли 2002 фаъолият карда истодааст. Шумораи коргарони он 300 нафарро ташкил медиҳад. Баъди васлу насби коргоҳи муосир дар он боз 50 ҷойи кории нав таъсис ёфт.

Коргоҳи истеҳсоли асфалт аз давлатҳои Италия ва Туркия ворид карда шудааст. Иқтидори истеҳсолии он дар як соат 240 тонна ва дар як басти корӣ наздик ба 2000 тоннаро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти корхона ба хотири саҳм гузоштан дар рушду пешрафти пойтахт, ободу зебо кардани кӯчаю хиёбон ва роҳҳои шаҳр ҳамчун иқдоми саховатмандона солҳои 2017 — 2019, дар маҷмӯъ, наздик ба 30 километр роҳҳои шаҳри Душанберо асфалтпӯш карданд. Ҳамчунин, дар асоси шартнома корхона дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 47 километр роҳро азнавсозӣ кардааст.

Дар корхонаи асфалтбарорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кор ва самти фаъолияти озмоишгоҳи муосир шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки чунин озмоишгоҳҳо на дар ҳама корхонаҳои истеҳсолӣ мавҷуданд. Ҳадаф аз насби таъмини сифат, бехатарӣ ва пойдории маҳсулоти корхона аст.

Корхонаи асфалтбарорӣ ба меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯ буда, дар як вақт якчанд намуди маҳсулот, аз қабили асфалти майдадона, асфалти калон, сангрезаи бо қир сиёҳкардашуда ва асфалтобетони сангрезаю мастики — «ШМА» истеҳсол мекунад. Ҳамчунин, дар ин ҷо дигар масолеҳи сохтмонии дар бунёди роҳҳо истифодашавандаро тайёр мекунанд.

Дар сехҳои корхона маҳсулоти оҳану бетонӣ, аз қабили канорасангҳои бари роҳ, новаҳои оҳану бетонӣ, болопӯши новаҳои оҳану бетонӣ, ҳалқаҳои бетонӣ, болопӯши ҳалқаҳои оҳану бетонӣ, тахтасангҳои роҳҳои пиёдагард, маҳсулоти оҳану бетонӣ барои сохтмони каналҳо ва новаҳои оҳанубетонӣ барои қубурҳои гармидиҳанда бо сифати ҷавобгу ба талабот истеҳсол мегардад.

Бо истифода аз имконот, дар дохили корхона аз тарафи роҳбарияти он, ҳамчунин, сехҳои гуногун, устохонаҳо бо таҷҳизоти гуногун фаъол гардонда шудаанд.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкор Тоҳир Ҳукуматовро шоиста арзёбӣ ва ба ӯ барору комёбӣ орзу намуданд.

www.president.tj