Ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Душанбе

№151 (4257) 17.12.2020

50725483151_5c4b395c22_o16 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр-Pack»-ро, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхона дар асоси технологияи нави соҳавӣ аз ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ, хусусан ширкати маъруфи Олмону Австрия — «Старлингер энд Ко ҷиэмбиэйч», ки дар Осиёи Марказӣ ягона ба ҳисоб меравад, фаъолият менамояд. Корхона имконият дорад, ки дар як сол 50 миллион халтаи полипропиленӣ истеҳсол карда, бо сифати баланд пешниҳоди харидорон намояд.  Халтаҳои истеҳсолшуда яккарата буда, безарар ва барои истифодабарӣ қулайанд.

Зикр гардид, ки гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» (дар се корхона) солона 2,5 миллион тонна семент истеҳсол намуда, ба халтаҳои полипропиленӣ талаботи зиёд дорад. Аз ин рӯ, 80 фоизи халтаҳои истеҳсолгардида дар ширкат истифода шуда, 20 фоизи дигар ба коргоҳу корхонаҳои ватанӣ  ва барои содирот ба дигар кишварҳо пешниҳод хоҳад шуд. То ба ҳол ин номгӯи маҳсулот аз хориҷ ворид мегардид, акнун халтаҳои полипропилении корхонаи нави «Ғаюр-Pack» ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар бозорҳои мамлакат рақобат намуда, вобастагии соҳаро ба маҳсулоти воридотӣ назаррас коҳиш хоҳад дод.

Насби технологияи насли нав имконият медиҳад, ки корхона бе партов фаъолият намуда, боқимондаи ашёи коркардшуда ба дигар корхонаҳо барои истеҳсоли номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ равона гардад. Ғайр аз халта барои семент, ҳамчунин «Ғаюр-Pack» тибқи фармоиш имкони тавлиди халтаҳои полипропилении орд, дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти кимиё­виро низ дорад. Марҳилаҳои истеҳсолии халтаҳои полипропиленӣ, аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва рангу ороиши он, дар дохили корхонаи навтаъсис роҳандозӣ гардидааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр-Pack» дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионии шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар он истеҳсоли маҳсулот аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин, корхонаи нав дорои ­лабораторияи санҷиши сифат мебошад, ки танҳо пас аз баҳогузории мутахассисон, маҳсулоти он барои истифода пешниҳод мегардад. Озмоишгоҳи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, ки имконияти васеи санҷиши ҳамаҷонибаи сифати маҳсулоти ниҳоиро дорост, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Зикр шуд, ки пас аз курс­ҳои бозомӯзӣ дар Корхонаи «Ғаюр-Pack» 140 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Президенти мамлакат зимни боздид ба фаъолияти истеҳсолии корхона ва иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд ва ҷиҳати назорати сифат ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

16 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионии Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» ба фаъолияти марҳилаи аввали Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда — ҶДММ КМ «Ғаюр Корея Технолоҷӣ» оғоз бахшида, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.

50724749113_aafaafac42_oДар корхона 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, истеҳсоли беш аз 100 номгӯи маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии он дар марҳилаи аввал 100 ҳазор фурӯзонак дар як моҳ ва 1 миллиону 200 ҳазор адад дар як сол буда, барои таъмини талаботи бозори дохилӣ равона шудааст.

Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дар мамлакат ягона буда, тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини саноатикунонии босуръати кишвар дар доираи ҳамкории Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» бо ҷалби сармояи ширкати кореягии Гайа Энерҷӣ Ко ЭЛТИДИ (GAIA ENERGY Co.Ltd) сохта шудааст.

Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дорои анбори маҳсулоти хом, хати истеҳсолӣ, анбори қуттиҳои тайёр ва озмоишгоҳ буда, дар масоҳати 400 метри мураббаъ бунёд гардидааст. Дар он истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ барои роҳҳои мошингарду пиёдагард, кӯчаву хиёбонҳо, ороиши биною иншоот ва равшаннамоии дохили хонаҳо ба роҳ монда шудааст. Истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ, ки бо истифода аз технологияи муосири RFSemi роҳандозӣ мегардад, имкони фаъол будани онҳоро то зиёда аз 100 ҳазор соат бештар мекунад.

Аснои шиносоии Президенти мамлакат бо раванди истеҳсолот ва васлу насби таҷҳизоти равшанидиҳанда дар корхона иттилоъ дода шуд, ки фурӯзонакҳо пурра аз тариқи дастгоҳҳои рақамӣ ва барномаҳо аз як марказ идора шуда, ҳангоми кам гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёту пиёдагардон шиддати қувваи барқ дар онҳо паст ё қисман хомӯш карда мешавад, ки ба сарфаи неруи барқ ва муҳлати бештари истифодаи фурӯзонакҳо мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, кори фурӯзонакҳо бесадо буда, дар шароити борону тӯфонҳои шадид низ пешбинӣ шуда, барои амалигардии лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» кумак менамояд. Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона дар шаҳри Душанбе ивазкунандаи воридот буда, аз ҷиҳати кафолатнокӣ аз 1 то 3 сол пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарияти Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» ҷиҳати истифодаи пурра аз иқтидори мавҷуда дар ин самт ва таъсиси ҷойҳои нави кор барои сокинони мамлакат дастуру маслиҳатҳои суд­манд доданд.

Ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди чор корхонаи нави саноатӣ ва марҳилаи дуюму сеюми Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳандаро муаррифӣ карда, иттилоъ доданд, ки минбаъд воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ ва технология аз Ҷумҳурии Корея дар назар дошта шуда, истеҳсоли пурраи диодҳо ва дигар қисмҳои фурӯзонакҳо дар дохили кишвар ба роҳ монда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар марҳилаи дуюм 12 миллион ва дар марҳилаи сеюм 20 миллион адад фурӯзонаки диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда буда, таъсиси 150 ҷойи нави кор дар назар аст.

Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр», ҳамчунин, дар доираи татбиқи ҳадафҳои мушаххас дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионӣ бунёди чор корхонаи нави муштарак, аз ҷумла, ранг­ҳои насли нав, маҳсулоти нассоҷӣ, маҳсулоти сантехникӣ ва асбобҳои барқиро ба нақша гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда дар шаҳри Душанбе аввалин корхонаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Корея дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳким бахшида, муносибати дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар бештар соҳа ба роҳ мондааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо фаъол гардидани корхонаҳои нави саноатӣ дар доираи ҳамкориҳои муштарак бо Ҷумҳурии Корея боз 250 ҷойи нави кор таъсис меёбад ва дар роҳи истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содироти он ба хориҷи кишвар заминаҳои устувор фароҳам мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» Акбар Ғуломовро ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» намуна арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати боз ҳам афзоиш додани иқтидори истеҳсолӣ ва роҳандозии содироти маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон супоришҳои мушаххас доданд.

16 декабри соли 2020 дар ­ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати орди Душанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

50725491241_b64f9414a7_oКомбинат, ки зиёда аз 30 соли охир бо сабаби куҳнаву фарсуда шудани хатҳои истеҳсолӣ аз фаъолият бозмонда буд, бо дастгирию роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади рушди соҳаи саноат ва афзоиш бахшидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифат бо харҷи беш аз 50 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ пурра навсозӣ гардид.

Зикр шуд, ки хати истеҳсолии насбгардида дар Осиёи Марказӣ беназир буда, ба таври автоматӣ фаъолият мекунад ва дар раванди истеҳсолот қувваи корӣ кам истифода мешавад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани «Комбинати орди Душанбе», дар маҷмӯъ, 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар комбинат шабонарӯз 400 тонна гандум коркард шуда, бо номҳои «Майса», «Хӯша», «Сунбула» ва «Суфра» тавлиди бештар аз 10 навъи орд, ки аз он ярмаи гандум, макарон, номгӯи зиёди маҳсулоти нонию қаннодӣ истеҳсол карда мешавад, роҳандозӣ гардидааст. Маҳсулоти комбинат мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ дар ҳаҷми гуногун бастабандӣ гардида, пешниҳоди харидорон карда мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ оянда дар назди «Комбинати орди Душанбе» чандин коргоҳи нав, аз ҷумла барои истеҳсоли макарон ва маҳсулоти нонию қаннодӣ ба кор дароварда мешавад. Ҳамчунин, талаботро ба назар гирифта, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ аз сабӯс низ бунёд гардида, инчунин, хӯроки парранда, моҳӣ ва чорво ҳам истеҳсол мешавад.

Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои наздик мағозаҳои фирмавии «Комбинати орди Душанбе» ба фаъолият оғоз карда, кори бонизоми он метавонад дар самти истеҳсоли орд дар пойтахти мамлакат барои муътадилии арзиши маҳсулот дар ҳама фасли сол ва ҷиҳати захираи он ҳамчун маҳсулоти ниёзи аввал, нақши муассир гузорад.

Дар оянда дар «Комбинати орди Душанбе» бо ба кор даровардани иқтидорҳои нав ҳаҷми истеҳсолот афзун ва шумораи ҷойҳои корӣ зиёд хоҳад шуд. Ба таъкиди масъулони комбинат, бо таъмини талаботи рӯзонаи шаҳри Душанбе бо орд, ки тибқи таҳлилҳо беш аз 400 тоннаро ташкил медиҳад, дар оянда маҳсулот ба дигар кишварҳои минтақа низ содирот карда мешавад.

Дар «Комбинати орди Душанбе» анбор барои захираи 32,0 ҳазор тонна гандум, анбор бо масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ ҷиҳати нигоҳдории 3,6 ҳазор тонна орд ва анбор барои нигоҳдории сабӯс ва гандуми реза бунёд гардида, хати роҳи оҳан аз дохили корхона мегузарад, ки хароҷоти интиқоли маҳсулотро ба маротиб коҳиш медиҳад. Бо мақсади таҳвил ва дастраскунии маҳсулоти истеҳсолшаванда ба нуқтаҳои фурӯш ва марказҳои савдо 10 адад воситаи нақлиёти боркаши муосири гуногунҳаҷм низ харидорӣ карда шудааст.

Дар «Комбинати орди Душанбе» барои муайян намудани сифати гандуми воридшаванда ва маҳсулоти истеҳсолгардида озмоишгоҳ бо лавозимоти замонавӣ ташкил шуда, ба пешниҳоди маҳсулоти босифат замина мегузорад.

Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони ҶДММ «Комбинати орди Душанбе» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузоранд.

Тибқи маълумоти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, то 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат наздики 70 корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

 

www.president.tj