Ифтитоҳи «Майдони теннис»-и шаҳри Душанбе

№103(3249) 05.09.2014

15125386391_c8c8c52292_o

Сеюми сентябри соли 2014 дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Майдони теннис»-и шаҳри Душанбе бо зербинои муосир ифтитоҳ ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, Майдони нави теннисро, ки дар паҳлуи Қасри теннис ва майдони марказии варзишӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, онро дар остонаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд номид.

Тавре зикр гардид, ин майдони зебои теннис аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо харҷи беш аз 13 миллион сомонӣ мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст. Майдони асосии ин маҷмааи варзишӣ дорои се корти теннис ва 2600 ҷойи нишаст мебошад. Майдони теннис ва дигар инфрасохтори зарурии ин маҷмаа дар масоҳати умумии 2500 метри мураббаъ ҷойгир шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба роҳбарону масъулони соҳа дастур дод, ки шароити то ба ҳол муҳайёшуда, аз ҷумла ин корти теннисро барои ташкили мусобиқаҳо байни шаҳру ноҳияҳо, рушди ин навъи зебои варзиш дар байни наврасону ҷавонон ва густариши тарзи ҳаёти солим ҳар чӣ бештару пурсамар истифода намоянд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ варзишгарони кишвар бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихори баланди миллӣ дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат ва ҳунарнамоӣ карда, дар баробари сазовори ҷойҳои намоён гардидан, барои мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстиву ҳамкорӣ бо кишварҳои гуногуни дунё кушиш менамоянд.

Дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон даври ниҳойии мусобиқоти теннис миёни наврасони аз 13-сола то 16-сола барои гирифтани ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки мактаби нахустини кӯдакону наврасони Тоҷикистон оид ба теннис соли 1955 таъсис ёфта, аз соли 1996 дар кишвари мо Федератсияи теннис амал мекунад.

Бозии нахустини Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир ба теннис соли 2005 баргузор гардида, минбаъд ин мусобиқот ба анъанаи ҳамасола табдил ёфт.

Ҳоло дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Чкалов се мактаби махсус оид ба теннис фаъолият доранд, ки дар рушди ин намуди варзиш саҳми намоён мегузоранд.

Дар бозии ниҳойии мусобиқоти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷуфти духтарон яке то 13-сола ва дуввумӣ то 16-сола ва ду ҷуфти писарони ҳамин синну сол барои гирифтани ҷойҳои якум ва дуюм қувваозмоӣ намуданд.

Тавре зикр гардид, барои ғолибони мусобиқаи Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза бо маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи дуюм 10 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.

Ҳамин тариқ, ҷойи якуми мусобиқаи Ҷоми Президент ва шоҳҷоиза миёни духтарони то 13-сола насиби Наргиза Яҳёева гардид. Дар миёни духтарони то 16-сола бошад, ба ин мақом Анастасия Турсунова мушарраф шуд.

Миёни писарони синни то 13-сола ба ин мақоми баланд Мансур Мирзоев ва дар синни то 16-сола Фирӯз Муҳиддинов сазовор дониста шуданд.

Ҷойҳои дуюм, ҷоизаҳои дуввуми Президенти Тоҷикистон ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ба Юлия Макашина ва Сироҷ Содиқов дар миёни теннисбозони то 13-сола ва ба Нодира Муллоҷонова ва Тимур Каримов дар миёни то 16-солаҳо супурда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба дастпарварони фаъоли Мактаби махсуси наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе доир ба теннис туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла лавозимоти бозии теннис, тақдим намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар охир бо ғолиби мусобиқа дар миёни духтарони то 16-сола Анастасия Турсунова чанд лаҳза теннисбозӣ намуда, бори дигар дӯстдори воқеӣ ва тарғибгари фаъоли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар миёни мардум будани худро собит намуд.

www.president.tj