Ифтитоҳи Маркази маъмурӣ ва тиҷоратии Рӯдакӣ-Плаза

№112 (3097) 07.09.2013

Плаза

Панҷуми сентябри соли 2013 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Рӯдакии пойтахт Маркази маъмурӣ ва тиҷоратии Рӯдакӣ-Плаза, ки бо се ошёнаи зеризаминӣ аз 14 қабат иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Зимни шиносойӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин марказ то имрӯз барои 135 нафар кори доимӣ муҳайё гардидааст.

Чунонки аён гардид, дар се ошёнаи зеризаминии он барои 105 мошин таваққуфгоҳ ва дар се ошёнаи аввали рӯйизаминӣ бузургтарин фурӯшгоҳ – супермаркет дар ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст. Ошёнаи якуми супермаркет барои хӯрокворӣ пешбинӣ шудааст, ки дар он тамоми анвои ин маҳсулот аз дохил ва хориҷи кишвар барои ҳама гуна харидорон пешниҳод мегардад. Тамоми маҳсулоти хӯрокворӣ хушсифат ва дорои сертификати зарурӣ мебошад.

Ошёнаи дуюми супермаркет барои фурӯши либосворӣ ва пойафзол пешбинӣ шудааст. Дар шуъбаҳои гуногуни он маҳсулот аз корхонаю ширкатҳои маъруфи дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла аз ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонӣ, ё худ либосворию пойафзоли  ба истилоҳ «брендӣ» пешкаши мизоҷон гардидааст.

Дар қабати сеюми супермаркет фурӯшгоҳҳои атриёт ва ҷавоҳирот ҷойгир шудаанд, ки дар онҳо анвои бешумори маҳсулоти ин соҳаҳо дастрас аст.

Чунонки  иттилоъ доданд, нуқтаҳои фурӯши маҳсулот иҷоравӣ буда, барои 2-3 моҳи аввали фаъолият ба тоҷирон бе иҷорапулӣ дода шудаанд.

Дар ҳашт ошёнаи болоии Маркази маъмурӣ ва тиҷоратии Рӯдакӣ -Плаза утоқҳои корӣ ҷойгир шудаанд, ки ба хоҳишмандон ба таври иҷора пешкаш мегарданд.

www.president.tj