Интихоби давлатдории дунявӣ интихоби дурусту дурбинона буд

№121 (3422) 09.09.2015

11947798_893407074062813_1226816241075061221_oПаёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳаштуми сентябри соли 2015, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ин лаҳзаҳо ҳамаи мову шумо дар остонаи солгарди бисту чоруми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллиамон қарор дорем.

Маҳз истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Дар ин лаҳзаҳои идона тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ин санаи тақдирсоз табрику таҳният гуфта, ба хурду бузурги кишвар сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва хонаи обод орзу менамоям.

Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.

Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.

Бо дарки ин масъулияти бузург Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон то ба имрӯз пайваста талош дорад, ки пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва заминаҳои иҷтимоиву маънавии Истиқлолияти давлатиро тақвият бахшида, барои рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаи кишвар шароити мусоид фароҳам созад.

Дар натиҷа, мо дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад.

Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад.

Зеро бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод.

Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи кишвари тозаистиқлоли мо эҷод карда буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд.

Дар қадамҳои баъдӣ мо тамоми талошро ба харҷ додем, ки сохтори мукаммали идоракунӣ, Ҳукумати муосир, парламенти касбӣ, Артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти низомиву амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдории худро тибқи меъёрҳои замонаи нав бунёд намоем.

Шахсоне, ки ин роҳи таърихиро тай кардаанд, хуб дар ёд доранд, ки эҳё ва барқарор кардани ҳар як рукни давлатдорӣ ва ҳар як сохтори фалаҷшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ чӣ заҳмати бузургеро талаб мекард.

Қадами бисёр устувори дигар дар бунёди давлати муосири тоҷикон интихоби дурусти сохти давлатдорӣ буд.

Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо дарназардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ, халқи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд, ки акнун он ҳамчун иродаи қатъии мардуми кишвар дар моддаи аввали Конститутсияи мо барои ҳамеша сабт гаштааст.

Ҳоло Тоҷикистон дар роҳи бунёди ин низоми давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Таҷрибаи ҳосилшуда ва таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки интихоби давлатдории дунявӣ интихоби дурусту дурбинона буда, имрӯз худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки бо бунёди роҳу нақбҳо, неругоҳу хатҳои интиқоли барқ ва садҳо корхонаи саноатӣ зерсохтори асосии коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии кишварро эҳё намуда, Тоҷикистонро ба як қаламрави воҳид табдил диҳад.

Дар баробари ин ҳама, ба мо муяссар гардид, ки бо пуштибониву дастгирии самимонаи мардуми шарифи кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллиро дар ватани худ барқарор намуда, барои зиндагии осудаи халқамон шароити мусоид фароҳам созем.

Ҳоло дар вазъияти ошуфтаву бесуботи ҷаҳони муосир ва зиндагии фоҷеабори баъзе халқу миллатҳо ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бо камоли шукргузорӣ дарк мекунад, ки аз баракати сулҳу субот мо ба чӣ неъмати бузурге даст ёфтаем.

Дар ин лаҳзаҳо, ки ба ҷашни мубораки истиқлолият омодагӣ мегирем, зикри ин дастовардҳои бунёдии давлат ва мардуми Тоҷикистон амри зарурӣ мебошад.

Зеро шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ, тамоюли дубора ба қутбҳои сиёсиву низомӣ ҷудо намудани олам, паҳншавии тафаккури харобиовари ифротгаройӣ, қувватгирии фаъолияти ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва монанди инҳо суботу амнияти давлатҳои ҷаҳонро, дар маҷмӯъ, ба таҳдиди ҷиддӣ рӯ ба рӯ намудааст.

Бинобар ин, бо зикри дастовардҳои бунёдии даврони истиқлолият мехостам бори дигар ин нуктаро таъкид намоям, ки ифротгаройӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, ба ҳамин арзишҳои усулӣ ва ҳаётӣ таҳдид менамоянд.

Яъне, онҳо, аввалтар аз ҳама, ба Истиқлолияти давлатӣ, ба мавҷудияти худи давлати мустақил, ба сохтори давлатии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоишта, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва ба арзишҳои неки миллии мардуми тамаддунсози мо таҳдид мекунанд.

Пас, муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.

Аз ин рӯ, ҳеҷ яки мо набояд дар ин масъала бетараф бошем.

Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад.

Дар айни замон, итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қимат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати Давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

Зеро мо ҳанӯз дар зиндагии ҷомеа ва давлатамон мушкилоти зиёд дорем. Вале дар айни замон итминони комил ва азму иродаи қавӣ дорем, ки ҳамаи мушкилоти мавҷударо бо дастгирии мардуми заҳматкашу таҳаммулгароямон, бо заҳмати аҳлонаву софдилона бартараф месозем ва нақшаву ниятҳои созандаамонро ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон амалӣ мегардонем.

Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди кишвар ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни озодиву соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамон самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо хушбахтиву файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!