Иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№127 (4233) 13.10.2020

50449476857_fa2f0fef0d_o11 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ ҷиҳати иштирок дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба участкаи интихоботии № 15, ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ 2, ки дар маҳалли зисташон қарор дорад, ташриф оварданд ва ба номзади дилхоҳ овоз доданд.

Интихобкунандагон дар ин участкаи интихоботӣ чун дар дигар участкаҳои кишвар хеле фаъол буданд.

Иштирок ва овоздиҳии Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маъракаи сиёсӣ зимни ҳузури шумораи зиёди мушоҳидон аз созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷараён гирифт ва дар воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷ инъикос гардид.

www.president.tj