Иштирок дар тантанаҳои бахшида ба солгарди 19-уми Гвардияи миллии Тоҷикистон

№120 (3266) 14.10.2014

гвар1

Сенздаҳуми октябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, дар тантанаҳои бахшида ба солгарди 19-уми ин воҳиди махсуси низомӣ иштирок намуд.

Дар саҳни ҳавлӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмонро Фармондеҳи Гвардияи миллӣ Бобоҷон Ҷамолзода, роҳбарони дигар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хизматию таълимӣ ва будубоши доимии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ бевосита шинос шуда, барои боз ҳам беҳтару намунавӣ кардани онҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Аз осорхонаи Гвардияи миллии Тоҷикистон, ки бо муҷассамаҳо ва аксу нигораҳо аз таърихи бостону муосири тоҷикон муҷаҳҳаз шудааст, аён мегардад, ки ба тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносии ҳайати шахсӣ аз тариқи омӯзиши таърихи чандҳазорсолаи мардуми тоҷик дар Гвардияи миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.

Тавре аён гардид, маркази таълимии Гвардияи миллии Тоҷикистон бо синфхонаҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо намунаҳои техникаю таҷҳизот ва аслиҳаю лавозимоти гуногуни ҳарбӣ, омӯзгорони корозмудаю таҷрибадор ва дигар шароити зарурӣ барои омӯзиши назарию амалии ҳайати шахсӣ таъмин аст.

Тайи 19 соли фаъолияти худ ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Тоҷикистон дар амалиётҳои гуногуни ҷангӣ, машқу тамринҳои муштарак дар машқгоҳҳои бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ иштироки фаъол намуда, аз имтиҳонҳои сангини низомӣ борҳо сарбаландона гузаштаанд.

Чунонки аён гардид, дар ин ҷо тамоми намуди техникаи вазнину сабуки ҷангӣ, аз ҷумла танку дигар анвои зиреҳпӯшҳо, яроқу аслиҳаи навтарин ва муҳимтар аз ҳама афсарону сарбозони шуҷову диловар, аз ҷиҳати касбӣ таълимдида ва дар набардҳои гуногун обутобёфта мавҷуд аст.

Омодагии хуби касбии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ, ки дар тамрингоҳи махсус муҷаҳҳазшуда гузаронда шуд, аён гардид.

Чунонки иттилоъ доданд, Гвардияи миллии Тоҷикистон барои беҳтар намудани таъминоти афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ хоҷагиҳои кишоварзии ёрирасон ҳам дорад, ки дар онҳо маҳсулоти гуногун, аз қабили меваю сабзавот, гӯшту шир, моҳӣ ва ғайра истеҳсол карда мешавад. Ин аст, ки афсарону сарбозони Гвардияи миллии Тоҷикистон пайваста бо хӯроки серғизою витаминдор таъминанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми шароити будубош, таълиму тарбия ва машқу тамрини ҳайати шахсӣ аз наздик шинос шуд.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва ҳайати фармондеҳию шахсии Гвардияи миллии Тоҷикистонро бо солгарди 19-уми ин воҳиди махсуси низомӣ табрику таҳният гуфта, аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки афсарону сарбозони ин ниҳод минбаъд ҳам дар тақвияти қудрати дифоии давлати Тоҷикистон ва таҳкими оромию суботи ҷомеа нақши бориз хоҳанд дошт.

Роҳбарият ва ҳайати фармондеҳию шахсии Гвардияи миллии Тоҷикистон дар навбати худ бо расми гузашти низомӣ, ки дар он беш аз 4 ҳазор афсару сарбоз иштирок доштанд, бори дигар омодагии қавии ҳарбӣ ва обутоби баланди ҷисмонию рӯҳии хешро собит намуданд.

Бо дастгирии пайвастаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин воҳиди махсуси низомӣ имрӯз ба як неруи муқтадири ҳарбӣ табдил ёфтааст.

www.president.tj