Иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№160-161 (3461-3462) 26.11.2015

22649263353_2293a90416_oБисту чоруми ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳозирин ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад, самимона табрик намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар раванди ташаккули низоми давлатдории муосири худ баробар бо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар рамзҳои давлатӣ мардум парчами кишварамонро низ ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллиамон қабул карда, таҳти ливои озодиву соҳибихтиёрии худ муттаҳид гардида, барои ободонии Ватани худ ва ба як кишвари пешрафта табдил додани он то имрӯз азму талош дорад.

Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихору қаноатмандӣ зикр намуд, ки ҳоло мардуми шарифи кишвар, бахусус насли ҷавону ояндасози мо,  сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ карда, хуб дарк намудаанд, ки эҳтироми Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ҳисобида мешавад.

Сарвари давлат дар идомаи суханонаш, аз ҷумла чунин зикр кард: «Вақте ки дар ин ё он гӯшаи олам Парчами тоҷикон ба ифтихори дастовардҳои варзишиву фарҳангии фарзандони Ватанамон афрохта мегардад, сари мо – тоҷикон баланд мешавад ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам мустаҳкам мегардад».

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчамро, ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст».

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ширкаткунандагони тантанаи идонаи имрӯзаро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саодати рӯзгор, сиҳатмандӣ ва иқболи баланд орзу намуд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Таҳиягарон, устодони санъат ва ҳаваскорон як барномаи мукаммали идонаро бо сурудҳо дар васфи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешкаши иштирокчиёни ҷашн карданд.

Ба хотири иштирок дар чорабинии фарҳангии имрӯза беш аз 16 ҳазор нафар дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» ҷамъ омада буданд ва шукӯҳу шаҳомати таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Мавриди зикр аст, ки тантанаҳои идонаи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар бо шукӯҳи хоса баргузор шуд. Аз ҷумла аз субҳ дар пойтахти мамлакат роҳпаймоии беш аз 40 ҳазор нафар хонандагону донишҷӯён ва кормандони касбу кори гуногун бо парчамҳо доир гардид.

www.president.tj