Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД

№9 (4429) 11.01.2022

51811018857_66031fdee0_o10 январи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Он таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД Никол Пашинян сурат гирифт.

Тавре таъкид гардид, 10 январ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба хотири гироми­дошти қурбониёни бетартибиҳои оммавӣ рӯзи умумимиллии мотам эълон гардид ва иштирокчиён иҷлосияро бо дақиқаи хомӯшӣ оғоз карданд.

Дар иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Тоқаев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Акилбек Жапаров ва Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас низ иштирок намуда, масъала «Дар бораи вазъ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва тадбирҳои муътадилсозии он»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, оид ба вазъ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои аъзои СААД мубодилаи афкор намуда, аз ҳолати мураккаби дар Қазоқистон баамал­омада изҳори нигаронӣ карданд.

Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Тоқаев дар бораи вазъ дар Қазоқис­тон ва чораҳои ба эътидол овардани он маълумоти муфассал дод.

Дабири кулли СААД Станислав Зас дар бораи иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар самти расонидани кумак ба Ҷумҳурии Қазоқистон гузориш дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон ­Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз иқдомоти роҳбарияти Қазоқистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ва барқарор намудани тартибот дар ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ мекунад.

Сарвари давлат таваҷҷуҳи аъзои Шӯроро ба мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва радикализм дар кишварҳои ­аъзои СААД, инчунин, талошҳои ҷалбу таблиғоти онҳо дар байни шаҳрвандон ҷалб намуданд. Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои СААД дар муқобила бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо шуданд.

Президенти Тоҷикистон, ҳамчунин, оид ба як қатор ташаббусҳо, аз ҷумла зарурати таҳияи низоми ҳифзи фазои иттилоотӣ, изҳори назар карданд.

Сарони давлатҳои аъзои СААД аҳамияти барқарор кардани амният ва субот дар Қазоқистонро таъкид карда, оид ба таъмини амният дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва пешгирии таъсири он ба амнияти кишварҳои аъзо як қатор таклифу пешниҳодҳоро ба миён гузоштанд.