Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои ИДМ

№ 20.09.2016

Commonwealth of Independent States Summit in Bishkek16 сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.

 Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Гулнора Ҳасанзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

 16 сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Қароргоҳи ҳукуматии Ала-Арчаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи Шӯро Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок карданд.

Инчунин, дар ин ҳамоиш Сарвазири Молдова Павел Филип, муовини якуми Раиси Девони вазирони Туркманистон Бяшиммурод Хоҷамамедов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ва Сафири фавқулода ва мухтори Украина дар Ҷумҳурии Қирғизистон Николай Дорошенко ширкат варзиданд.

Роҳбарони кишварҳо, нахуст рӯзномаи ҷаласаи Шӯроро, ки масъалаҳои марбут ба ҳамгироии сиёсӣ, таъмини амнияту субот дар Иттиҳод ва ҳамкориҳои гуманитариро фарогир буд, мавриди муҳокима қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронии хеш дар ҷаласаи хосаи ҳайатҳо бори дигар вобаста ба марги бармаҳали Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов изҳори ҳамдардию тасаллияти амиқи хешро ба мардуми дӯсти ӯзбек расониданд.

Пеш аз оғози кори ҷаласаи Шӯро дар ҳайати васеъ ба хотири гиромидошти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид.

Зимни суханронии худ дар нишасти ҳайатҳои васеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввал ба ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон барои раёсат дар Иттиҳод ва ташкили кори бонизоми ҷаласаи ҷашнии Шӯрои Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки дар ­чоряк асри гузашта ИДМ нақши боризи худро дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии давлатҳои аъзо гузошта, ҳамгироии манфиатбори байнидавлатиро дар соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи ҷавобгӯ ба талабот нигоҳ доштааст.

Дар ҷаласаи Сарони кишварҳои ИДМ масъалаҳои мутобиқсозии Иттиҳод ба шароити имрӯзи ҷаҳони муосир, тақвияти ҳамгироии минтақавии давлатҳои Иттиҳод дар таъмини амнияту субот ва мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ баррасӣ шуда, вобаста ба 25 — солагии таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳороти муштараки роҳбарони ҳайатҳо қабул гардид.

Бояд гуфт, ки дар ҷаласа Сарони кишварҳои ИДМ дар муҳити ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои умумии байнидавлатӣ доир ба иҷрои минбаъдаи масъалаҳои рӯзномаи корӣ мавқеи худро муайян намуда, барои муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таъмини амният дар Иттиҳод, коҳиши таъсири омилҳои номатлуб ба иқтисодиёти давлатҳо ва дигар масъалаҳои мубрам омодагию ҳавасмандии хешро таъкид намуданд.

Баъди анҷоми раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Шӯрои давлатҳои ИДМ дар соли 2017 — ум раёсат ба ҷониби Федератсияи Россия ва ҳамраисии он ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.

www.president.tj