Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан дар Форуми доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Тоҷикистону Чехия

№142 (3288) 26.11.2014

форум

Нимаи дуюми рӯзи бисту шашуми ноябри соли 2014 дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Тоҷикистону Чехия баргузор шуд, ки дар кори он сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан иштирок намуданд.

Дар ин форум наздики 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Чехия, намояндагони як қатор мақомоти давлатӣ аз ҳар ду давлат иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  сухан ронда, изҳори бовар намуд, ки ин нишаст натиҷаҳои судманд хоҳад дошт. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт, содагардонии қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ  корҳои назаррас анҷом ёфта, дар кишвар  шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.

Дар ифтитоҳи форум ҳамчунин Президенти Чехия Милош Земан сухан ронда, аз пазироии самимии Тоҷикистон арзи сипос кард ва ҳам бо ёдоварӣ аз имконоти фарохи мавҷуда соҳибкорони ду кишварро ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд ташвиқ намуд.

Кори форум бо суханронии дигар масъулини ду ҷониб ва бо нишастҳои дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорони ҳар ду давлат идома ёфт. Як зумра тавофуқоти муҳим бевосита миёни соҳибкорону сармоягузорони тоҷику чех ҳосил шуд.

www.president.tj