Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

№70 (4020) 18.06.2019

1200px-SCO_logo.svg14 июни соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Он дар ҳайати маҳдуд бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон ҷараён гирифт.

Дар ҷаласа ҳолат ва дурнамои рушди СҲШ, вазифаҳои аввалиндараҷа баҳри таҳкиму таъмиқи ҳамгироӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, амният дар доираи созмон дар шароити муосир, вазъ дар минтақа, инчунин дигар мавзӯъҳои мубрами дорои аҳамияти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи ҳайати васеъ сарони давлату ҳукуматҳои нозир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Беларус, Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, дабирони кулл ва намояндагони СММ, СҲШ, раёсати СААД, ИДМ, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст ба ҷониби Қирғизистон ва Сооронбой Жээнбеков барои созмондиҳии шоистаи ҳамоиш ва меҳмоннавозӣ арзи сипос намуданд.

Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъ дар Афғонистон, афзоиши хатарҳо дар минтақа, зарурати муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва паҳншавии идеологияи ҷинояткорона сухан карданд.

Барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар СҲШ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки таъсиси Бонки СҲШ, Фонди рушди СҲШ, инчунин истифодаи имкониятҳои сармоягузории инфрасохтории Бонки Осиё, Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ барои маблағгузории лоиҳаҳои муштарак тезонида шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, таҳия ва маблағгузории лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ҷалб карданд.

Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо Эъломияи Бишкек қабул гардида, дар маҷмӯъ, 8 санад, аз ҷумла, Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар бахши ВАО, Созишнома байни сохторҳои давлатҳои аъзои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва Нақшаи тадбирҳои асосӣ оид ба рушди ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2019 — 2021 имзо карда шуд.

www.president.tj