Ҳисоботи телефонӣ

№69 (3054) 08.06.2013

7 июни соли 2013  ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Қумсангир, Ҷиликӯл ва Қубодиёну Шаҳритус телефонӣ ҳисобот доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи онҳо ба масоили вобаста ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона, хусусан аз заминҳои обӣ ва вусъат додани кишти такрорӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои ташкили хуби кор дар ин самт супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки ҳосили ғалладонаи заминҳои обӣ бояд ҳар чӣ зудтар ҷамъоварӣ шуда, дар ҷойи он кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба мавзуи ҷамъоварӣ ва содироти меваю сабзавот ба хориҷи кишвар ва ҳамчунин ба захира намудани хӯроки чорво зоҳир карда шуд ва таъкид гардид, ки имсол обу ҳаво барои афзун намудани нишондодҳо дар самти кор басо мусоид омадааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ғайбулло Авзал ва роҳбарони ноҳияҳои номбурдаи вилояти Хатлон, ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

www.prezident.tj