Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№146 (3626) 26.11.2016

31084271792_782f9bf16c_o25 ноябри соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

 Нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ ва аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати адлия ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тасдиқ карда шуд.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориш дод. Лоиҳаҳои қонунҳо баъди муҳокима маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

«Оид ба лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2019-2020» ва «Дар бораи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 31 фоизи соли 2015 то ба 20 фоиз дар соли 2020 ва сатҳи миёнаи зиндагии аҳолӣ аз 22 фоизи соли 2015 то ба 30 фоиз дар соли 2020 бояд расонда шавад. Ин нишондодҳо бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна таҳия гардида, барои татбиқи он фаъолияти пурсамару якҷояи сохторҳои давлатӣ зарур аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи зарурӣ ва босифат дар амал татбиқ кардани нишондодҳои Барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ дастур доданд, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда, бо дарназардошти манфиати давлату миллат, тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Баъди муҳокима «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Ҳамчунин, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» ирсол гардид.

«Дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, «Дар бораи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон» гузориши вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва «Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавӣ оид ба Шӯрои диссертатсионӣ», «Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ, дотсент, профессор» ва «Тартиби бақайд­гирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда» гузориши раиси Муассисаи давлатии ­«Комиссияи олии аттестатсионӣ» Абдуҳаким Розиқзода шунида шуд.

Дар бораи «Нақшаи генералии шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд» ва дар бораи «Нақшаи генералии шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов» раисони ин ноҳияҳо гузориш доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда, оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар давраи зимистонгузаронӣ ва иҷрои дигар тадбирҳо ба аъзои Ҳукумат ва шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj