Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

35349076961_ce1232b65d_zБисту сеюми июни соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар он нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Сипас, ҳисоботи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2014-2017» шунида шуд. Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ тавассути ташкил намудани системаҳои иттилоотӣ ва таъмини рушди он, аз ҷумла ташкили мубодилаи байниидоравии иттилоот дар мақомоти давлатӣ, қабул карда шудааст.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд раиси ноҳияи Зафаробод гузориш дод. Зикр шуд, ки дар нақшаи генералии мазкур рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳраки Зафаробод бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ то соли 2035 барои 90 ҳазор нафар таҳия шудааст.

Аъзои Ҳукумати кишвар, инчунин лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» — ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, пешниҳоди панҷ хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­рот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ирсол карда шуд.

Дар хотима Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуданд, ки барои ташкили хуби истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ва сӯзишворӣ, риояи қатъии қоидаҳои зиддисӯхтор чораҳои мушаххас андешанд. Ҳамчунин, Сарвари давлат бори дигар дар арафаи Иди саиди Фитр ба кулли шахсони эҳтиёҷманд додани фитри рӯзаро ёдрас намуда, супориш доданд, ки ба хотири мусоидати бештар баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мардум бояд дар вақти оростани дастархони идона ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

www.president.tj