Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№142 (3779) 30.11.2017

37114513870_09f5fdeea0_o28 ноябри соли 2017 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст гузориши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ «Дар бораи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2022» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» шунида шуд.

37804642225_529b9a22e5_oТаъкид гардид, ки «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 — 2022» дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 январи соли 2015 таҳия гардидааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани сифати омўзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи босамари барнома ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки онро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҳар сол пешбинишуда ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намоянд.

Сипас, аъзои Ҳукумат дигар масъалаҳои рўзнома, аз ҷумла, «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи барномаи корҳои оморӣ барои соли 2018» ва «Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» — ро баррасӣ карданд.

Вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар ва бо ин роҳ таъмин кардани муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ, аз ҷумла театрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

«Дар бораи Нақшаи генералии деҳаи Қалъаихумб — маркази ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон», «Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Бўстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд» ва «Дар бораи Нақшаи генералии деҳаи Баҳор — маркази ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон» раисони ноҳияҳо ҳисобот доданд.

Нақшаи генералии ноҳияҳои номбаршуда бо мақсади муайян кардани стратегияи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳудуди маҳалҳо таҳия шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ кардани нақшаҳои генералӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки аз тамоми имконият самаранок истифода баранд. Дастур дода шуд, ки дар вақти татбиқи барномаҳо ба масъалаи истифодаи оқилонаи замин, бунёди роҳҳои босифат, таъмини об ва хатҳои обу корез, бунёди иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, мактабҳо ва манзилҳои зист диққати ҷиддӣ дода шавад. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосӣ аз андешидани ин тадбирҳо беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар мебошад.

Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар, вазорату кумитаҳои давлатӣ оид ба иҷрои дастурҳое, ки аз маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ бармеоянд, супоришҳои мушаххас доданд.

Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, барои дар сатҳи зарурӣ ва бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст кардани фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат дар охири соли 2017, захираи хўрокворӣ, таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти ниёзи аввал, иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ, дар амал татбиқ кардани чорабиниҳо вобаста ба ободонии пойтахт, иҷрои талаботи нақша — чорабиниҳо оид ба давраи зимистони солҳои 2017-2018 ва истифодаи оқилонаи неруи барқ дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки рўзҳои охир дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ба системаи гармидиҳӣ пайваст кардани хонаҳои истиқоматӣ беш аз 4 миллион киловатт/соат неруи барқ сарфа гардид ва ин яке аз омилҳои асосие мебошад, ки мардуми кишвар тамоми фасли сол 24 соат бо барқ таъмин бошанд.

Дар маҷлис Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ намуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани тафтишоти хизматӣ, ки бо супориши бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти дахлдор сурат гирифт, далелҳои зиёди поймол намудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ворид кардани маҳсулоти пастсифату арзон ба бозори истеъмолӣ, дидаву дониста иҷозат додани воридоти маҳсулоти бесифат ва ба саломатии мардум зараровар ошкор гардиданд. Бо ин сабаб ба роҳбарияти Хадамоти гумрук ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танбеҳ дода шуд.

Ҳамчунин, бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хўрокворӣ, аз қабили гўшти мурғ, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Ибодулло Карим аз вазифаи директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазиров Шералӣ Сафаралиевич аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Каримзода Холмуҳаммад Карим аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти истеъмолкунандагон талаб намуданд, ки дар муҳлати кўтоҳтарин ҷиҳати пешгирии ба таври қочоқ, бе риояи расмиёти андозу гумрук ва ҷавобгўй ба талаботи стандартиву эпидемиологӣ, ворид намудан ва фурўши маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла маҳсулоти ширию гўштӣ, гўшти мурғ ба таври ҷиддӣ чораҷўйӣ карда шавад.

www.president.tj