маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№156 -157 (3793 - 3794) 30.12.2017

25494462138_95ba4ba825_o29 декабри соли 2017 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар он нахуст масъала «Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018» баррасӣ гардид.

Сипас, оид ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018», «Дар бораи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019 – 2021» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» гузориши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Ҳамчунин, аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» низ ирсол карда шуд.

Ҳамчунин, масъалаҳои таъсиси чор ниҳоди нав, аз ҷумла Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Раёсати авиатсия­и­ граждании Вазорати нақлиёт, Раёсати назорат ва танзим дар нақлиёти ҳавоии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар заминаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар заминаи киностудияи «Тоҷикфилм» ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» — и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадаф аз таъсиси ниҳодҳои нав ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, ҳифзи сиҳатии омма, назорати қатъӣ аз рӯи воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифату ба саломатии инсон зараровар, доруворӣ ва беҳдошти фаъолияти озмоишгоҳҳо мебошад. Дар робита ба ин, Президенти мамлакат супориш доданд, ки дар сохторҳои нав мутахассисони баландихтисос ба кор ҷалб карда шаванд.

Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ оид ба ҳар чӣ зудтар таҳия кардани Нақша — чорабиниҳо ва пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳии бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баҳри иҷрои ҳатмии супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, дастурҳои мушаххас доданд.

Супоришҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар кишвар, бахусус дар пойтахт, таъсиси ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал, намоиш — фурӯши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, таъмини пурраи аҳолӣ бо гармӣ, неруи барқ ва маҳсулоти ғизоӣ дода шуд.

www.president.tj