Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№38 (3832) 27.03.2018

29064175_1852004404869737_1632880012037645693_o26 марти соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Нахуст «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва  самарабахш   дар   давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Душанбе, Вазорати энергетика ва захираҳои об, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар барои татбиқи саривақтӣ ва гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва  самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Президенти мамлакат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ҷиҳати захираи ангишт, истифода ва татбиқи иқтидорҳои нав аз ҳисоби неругоҳҳои нави барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ, омода кардани соҳаи иҷтимоии кишвар, аз ҷумла бахшҳои маорифу тандурустӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷоннок кардани фаъолияти сохторҳои Раёсати оташхомӯшкунии ҷумҳурӣ, инчунин бунёди иншооти зиддитармавӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Дар бораи номгӯй ва миқдори техника, нақлиёти махсуси коммуналию мусофиркашонӣ, ёрии таъҷилӣ ва автомобилҳои сабук­рави назоратӣ, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе харидорӣ шуда, ҳангоми воридот аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, гузориши раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шунида шуд.

Дар бораи Қоидаҳои муайян кардани объектҳои сохтмонашон нотамом ва ба муомилоти гражданӣ баровардани онҳо раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода гузориш дод.

Аъзои Ҳукумати кишвар 8 лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро баррасӣ карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Дар робита ба лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи қувваи корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дастур доданд, ки бо ­дарназардошти мавҷуд будани қувваи кофии меҳнат ва бо риояи ҳама гуна қонунгузорӣ, доир ба сабукиҳои рафтуомади шаҳрвандон байни кишварҳо дар асоси созишномаҳои дуҷониба тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар маҷлис, ҳамчунин оид ба лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Дар бораи «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Дар бораи «Тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар мавриди таъсиси Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардид, ки Мақсад аз таъсиси он омӯзиш ва ба роҳ мондани мониторинги доимии пиряхҳо ва сарчашмаҳои дигари обии Тоҷикистон мебошад.

Маркази омӯзиши пиряхҳо барои тат­биқ намудани Қатъномаи СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, мусоидати бевосита мекунад, зеро пиряхҳо манбаи асосии захираҳои обӣ буда, таҳқиқу омӯзиш ва мониторинги доимии онҳо на танҳо барои ҷумҳурӣ, балки давлатҳои поёноб аҳамияти басо муҳим дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаи қарорҳои Ҳукумат ва иҷрои дигар масъалаҳои баррасигардида дастурҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин, супоришҳо ба Ҳукумати мамлакат, раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар кишвар, бахусус, дар пойтахти мамлакат, омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, вусъати корҳои саҳроӣ, дар сатҳи зарурӣ доир кардани киштукори баҳорӣ, дода шуд.

www.president.tj