Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№53 (3847) 01.05.2018

41698390502_ab699137d1_o27 апрели соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои нуҳ моҳи соли 2018 ҳисоботи муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 12,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, афзоиши воқеии он 7 фоизро ташкил дод.

Рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби зиёд гардидани истеҳсоли ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 13,1 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ-12,1, маҳсулоти кишоварзӣ-5,1, гардиши савдои чакана-5 ва хизматрасонии пулакӣ 1,2 фоиз таъмин гардид.

Даромади Буҷети давлатии ҷумҳурӣ моҳҳои январ — марти соли 2018 101,2 фоиз иҷро ва ба буҷет 4,4 миллиард сомонӣ ворид гардид. Нақшаи воридоти андозҳо 100,8 фоиз таъмин ва ба буҷет 3,3 миллиард сомонӣ ворид шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар баробари таъмин гардидани нишондиҳандаҳои мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дар семоҳаи якуми соли 2018 захираҳо ва имкониятҳои ҷойдошта пурра истифода нашуданд, ки дар натиҷа, дар роҳи рушди устувори суръати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ монеа эҷод гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки фаъолиятро дар самти пешгирии таъсири хавфи эҳтимолӣ ба иқтисоди кишвар, ҷалби сармоя, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ, рушди сайёҳӣ, ­таъмини устувории нишондиҳандаҳои ­макроиқтисодӣ ва рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷоннок намоянд.

Инчунин «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъй­пурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориши раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Бахтиёр Худоёрзода шунида шуд. қайд гардид, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур мушаххас намудани тартиби нави пур кардани бюллетенҳои овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ, оғоз ва қатъ шудани муҳлати фаъолияти мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, эълон намудани натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии раъйпурсӣ аст. Ҳамчунин, дар лоиҳа ворид намудани тағйиру иловаҳои хусусияти имлоӣ ва техникидошта пешбинӣ гардидааст.

Сипас, оид ба лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориши директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъахон Давлатзод ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

ҳамчунин, шаш хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооператсияи матлубот» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуд.

Гузашта аз ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» ва «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020» қарорҳои дахлдор қабул намуд.

«Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Меҳрон — маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд» ва «Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ — и вилояти Хатлон», ки бо мақсади муайян намудани стратегияи рушди иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва ҳудуди шаҳракҳо таҳия шудааст, ҳисоботи раисони ноҳияҳо ва «Дар бораи азнавташкилдиҳии ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018» гузориши шахсони масъул шунида шуда, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, вусъати корҳои профилактикӣ дар самти ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, огоҳии ҷомеа аз оқибатҳои бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам, баланд бардоштани масъу­лияти ҳар як шаҳрванд барои солимӣ ҳисобот дод.

Доир ба вазъи боду ҳавои кишвар ва таъсири он ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, чорводорӣ гузориши муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода шунида шуд.

Зикр гардид, ки камобию беборишии рӯзҳои охир ба нашъунамои зироат ва растаниҳои худруй таъсири манфӣ расонд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба раисони як қатор шаҳру ноҳия барои дар сатҳи хуби ташкилӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронии солҳои 2018 — 2019, истифодаи самараноки заминҳои кишт, ба таври кофӣ захира намудани хӯроки чорво дастур дода, таъкид карданд, ки тамоми роҳу воситаро истифода баранд. Инчунин, супоришҳо барои рушди соҳаи чорводорӣ, боғдорӣ, васеъ кардани майдони кишти зироатҳои гуногун аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки чарогоҳҳо дода шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баҳри вусъати корҳои ободонию созандагӣ, мусоидат ба рушду пешрафти минтақаҳо, бахусус дар деҳоти кишвар, бунёди муассисаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабили мактабу марказҳои саломатӣ, иншооти хизматрасонии маишӣ, сохтмони ҳаммомҳо дар шаҳраку деҳаҳо ва таъмиру таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Баъди баррасии масъалаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаи қарорҳои Ҳукумат ва қонунҳои ҷумҳурӣ, иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои мушаххас доданд.

www.president.tj