Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№68 (3862) 02.06.2018

27583048987_7f7631c6ba_o30 майи соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он «Дар бораи Номгӯи объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ» гузориши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» низ шахсони масъул гузориш доданд.

Баъди баррасӣ лоиҳаи қонунҳои номбаршуда барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин 13 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории наздисарҳадӣ» ирсол шуд.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар робита ба як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, «Дар бораи Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2022», «Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2022» ва «Дар бораи таҷлили 550 — солагии мусиқидон, шоир ва навозандаи тоҷик Наҷмиддини Кавкабӣ ва 400 — солагии ситоишгари фарҳанги шаҳрдорӣ, суханвари бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ» қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Дар охир Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ оид ба иҷрои масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, дар амал татбиқ кардани супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз қабили вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, тозаю озода кардани кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳия ва деҳоти кишвар, шинонидани гулҳои мавсимӣ, захира ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ дастурҳои мушаххас доданд.

www.president.tj