Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№92 (3886) 31.07.2018

41929321990_a7756a0061_o30 июли соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар он садамаи нақлиётии 29 июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон содиршуда, ки боиси ҳалокати чор нафар сайёҳи хориҷӣ гардид, баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қурбониёни ин ҳодисаи фоҷиабор дақиқаи хомӯшӣ эълон карданд.

Сипас, оид ба рафти тафтишоти ҳодиса гузориши прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов шунида шуд.

Таъкид гардид, ки бо дастури Пешвои миллат аз ҳисоби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, амният ва мақомоти прокуратура гурӯҳи махсуси фаврӣ — ҷустуҷӯйӣ таъсис ёфтааст. Барои ошкор намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон парвандаи ҷиноӣ кушода ва дар кӯтоҳтарин муҳлат чанд тан аз аъзои гурӯҳи ҷинояткор дастгир шуд.

Дастур дода шуд, ки дар кишвар тартиботи ҷамъиятӣ таъмин ва тадбирҳои амниятӣ пурзӯр карда шавад.

Баъди дида баромадани масъа­лаи кадрҳо аъзои Ҳукумат ба баррасии масъала — «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018» шурӯъ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018 — ро таҳлил намуда, таъкид доштанд, ки захираву имкониятҳои кишвар барои ноил гардидан ба мақсадҳои стратегии гузошташуда ва таъмин намудани рушди босуръати иқтисодии кишвар то ҳанӯз самаранок истифода нашудаанд.

Дар баробари таъмини нақшаи даромади Буҷети давлатӣ сифатнокии қисми даромади ҷории он аз ҳисоби се намуди андоз ва дигар пардохтҳо ба маблағи 275 миллион сомонӣ таъмин нагардид. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар 13 шаҳру ноҳияи кишвар таъмин нашуд. Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки бо мақсади таъмини сифатноки нақшаи иҷрои Буҷети давлатӣ дар соли 2018 тадбирҳои амалӣ андешанд.

Бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ба қисми даромади буҷет ва зиёдшавии қарзи онҳо Вазорати молия вазифадор гардид, ки дар самти татбиқи босамари «Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои солҳои  2016 -2020» чораҷӯйӣ карда, барои таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳои буҷетӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018 натиҷаҳои «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009 -2018»-ро арзёбӣ намояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ ва тақвияти назорати бонкӣ Бонки миллиро вазифадор карданд, ки татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетро таъмин намояд.

Зимни таҳлил Сарвари давлат таъкид доштанд, ки бо дарназардошти ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо ҷалби сармояи хориҷӣ суръати рушди соҳаи саноат дар сатҳи 16,9 фоиз таъмин гардидааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз кам аст. Дар давраи ҳисоботӣ, дар маҷмӯъ, истеҳсоли 22 намуд маҳсулоти саноатии коркард коҳиш ёфта, фаъолияти 107 корхонаи соҳа қатъ гардидааст.

Вобаста ба ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси таҳлили иқтидору имконоти минтақаҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки истеҳсолоти саноатӣ доир ба пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ чораҳои амалӣ андешида, роҳҳои барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои аз фаъолият бозмондаро ҷустуҷӯ намояд.

Президенти мамлакат Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ШСХК «Барқи Тоҷик» — ро вазифадор намуданд, ки таваҷҷуҳи асосиро ба самти ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи энергетика — ба ҷамъоварии маблағи фурӯши неруи барқ, пешгирии талафоти техникии неруи барқ, васли ҳисобкунакҳои муосири барқӣ, таъмиру навсозии хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, инчунин, ба роҳ мондани фаъолияти самаранок дар самти истеҳсол ва истифодабарии неруи барқ, равона созанд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ таъкид карда шуд, ки ҳарчанд дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои муқоисавӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст, вале дар соҳа масъалаҳои ҳалталаб ҳанӯз ҷой доранд. Яке аз онҳо иҷро нагардидани нақшаи кишти такрорӣ ва масъалаи дигар дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор доштани 37 ҳазор гектар замин мебошад.

Вазорати кишоварзӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо дигар сохторҳои давлатӣ доир ба зиёд кардани майдони кишти такрорӣ ва боғу токзор, инчунин, захира ва коркард намудани маҳсулоти соҳа чораҳои саривақтӣ андешад.

Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин татбиқи чораҳои мушаххасро бобати истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда ва ҳавасмандгардонии сармоягузориҳо, амалигардонии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва аз худ кардани маблағҳои татбиқи лоиҳаҳо зарур шумурданд.

Барои фароҳам овардани замина ба рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020»-ро муҳим арзёбӣ карданд.

Сипас, «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018» ва «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021» ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, раиси Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмуддинов шунида шуд.

Баъди баррасӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва ду хулосаи Ҳукумати кишвар — ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Аъзои Ҳукумати кишвар, инчунин, лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Дар бораи Барномаи минтақавӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аҳамияти иҷтимоидошта барои рушди устувори ҷамоаҳои маҳаллӣ барои солҳои 2018 – 2022», «Доир ба тадбирҳои беҳтар кардани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023» ва «Дар бораи дастгирии давлатии молиявии баъзе корхонаҳои энергетикии ҷумҳурӣ» — ро баррасӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукуматро ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, то иҷрои нақшаҳои бунёдкориву ободониро дар муҳлатҳои муқарраршуда ва босифат таъмин намоянд.

Дар охир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин иҷрои дигар масъалаҳои баррасишуда дастурҳои мушаххас доданд.

www.president.tj