Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№103 (3897) 23.08.2018

30289250598_7b45c18141_o20 август дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президент, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои ободонию созандагӣ баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сафари давлатии худро ба Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон, ки бо натиҷаҳои неку назаррас ва бобарор анҷом ёфт, натиҷагирӣ карда, таъкид карданд, ки он бо натиҷаҳои пурсамар дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад. Яке аз натиҷаҳои пурарзиш ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.

Сафарҳои давлатии сарони давлатҳо, имзои санадҳо, баргузории бизнес-форумҳо, намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии кишварҳо, барномаҳои фарҳангии «Шоми дӯстӣ» дар ҳар ду давлат, кушодани 16 гузаргоҳи сарҳадии байни ҷумҳуриҳо, барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ, роҳҳои мошингузар, фаъолияти назарраси комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва дигар омилҳо имкон фароҳам оварданд, ки халқи тоҷику ӯзбек боз ба ҳам оянд ва рафтуомади хешутабориро мустаҳкам намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саноатчиён, тоҷирону соҳибкорон барои муаррифии намунаҳои беҳтарини молу маҳсулот, дастовардҳои саноатии кишвар дар намоишгоҳи «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст» ва ба таҳиягарон, аҳли ҳунару санъати ҷумҳурӣ барои пешниҳоди барномаи бошукӯҳу пурмазмуни консертӣ дар «Шоми дӯстӣ» миннатдории самимӣ иброз доштанд.

Бо дарназардошти натиҷаҳои сафар ва қабули санадҳои муҳими ҳамкорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушду таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ супориш доданд, ки барои татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии имзошуда тадбирҳои амалӣ андешанд.

Супоришҳои дигар вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни миллӣ — Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дода шуданд.

www.president.tj