Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№24 (3974) 02.03.2019

46513642394_b3f78c4a65_o28 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст «Оид ба Ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2019» гузориши раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд.

Сипас, лоиҳаи як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи ҳолати ҷангӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд.

Дар бораи «Номгӯйи молҳои аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» воридшаванда», ки аз супоридани андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд, раиси шаҳри Душанбе ­Рустами Эмомалӣ ва «Дар бораи «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода гузориш доданд.

Инчунин, масъалаҳо «Дар бораи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021», «Дар бораи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таъсиси минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019» баррасӣ гардиданд.

Дар интиҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор намуданд.

Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, доир ба ­вусъати корҳои ободониву созандагӣ, киштукори баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, расонидани кумакҳои моддӣ ба эҳтиёҷмандон дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз ва ғайра дода шуданд.

www.president.tj