Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№34 (3984) 30.03.2019

47431487232_787f08d9db_o28 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он нахуст «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 — 2020» ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани вазифаҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 мебошад. Қайд карда шуд, ки ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо дар ин самт ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барои дар сатҳи хуби ташкилӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ бинанд ва ҷиҳати татбиқи нишондодҳои лоиҳаи қарор тадбирҳои амалӣ андешанд.

Сипас, «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» гузориши вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» гузориши вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ва «Дар бораи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» гузориши вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода шунида шуд.

Ҳамчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» баррасӣ гардид.

Сипас, лоиҳаи қонунҳои муҳокимашуда ва хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Дар анҷом Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои саривақтии масъалаҳои баррасишуда ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи зимистон, захираи кофии маҳсулоти сӯхту озуқа, омодагии иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар фасли сармо, вусъати корҳои саҳроӣ, идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj