Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№95-96 (3575-3576) 28.07.2016

24743466834_034f2c95a9_o26 июли соли 2016 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор шуд.

Нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2016 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2016 баррасӣ гардид.

Вобаста ба ин масъала ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Ҳикматуллозода Неъматулло, вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён ва дигар роҳбарони сохторҳои давлатӣ шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2016, бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ, бахусус коҳишёбии суръати рушди иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратӣ, ноустувории вазъи савдои хориҷӣ ва ­фаъол набудани истеъмолкунандагон бинобар коҳишёбии ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ, тамоюли мусбати рушд дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуд.

Дар ин давра устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла рушди иқтисодии кишвар 6,6 фоиз ва таваррум дар сатҳи хеле паст, яъне 3,1 фоиз таъмин карда шуд.

Рушди воқеии иқтисодиёт асосан аз ҳисоби афзоиш ёфтани соҳаи саноат 12,1 фоиз, кишоварзӣ — 9,9, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ — 18,9 ва гардиши савдои чакана 3,4 фоиз таъмин гардид.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иҷрои қисми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар сатҳи 99,4 фоиз иҷро гардид, ки аз фаъо­лияти ғайрисамараноки як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо шаҳодат медиҳад.

Иҷрои нақшаи даромади буҷет аз ҳисоби Кумитаи андоз 104,8 фоиз таъмин шуд, вале аз ҳисоби Хадамоти гумрук нақша ҳамагӣ 86,4 фоиз иҷро шуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет нисбат ба нақша 267 миллион сомонӣ кам ворид гардид.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз дастовардҳои ноилгардида на ҳама имконоту захираҳои мавҷуда ба таври пурра истифода гардидаанд.

Бинобар ин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтиву пурраи нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти мамлакат, Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016, супоришҳо дар ҷараёни сафарҳои Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳо, нақшаи чорабиниҳо оид ба бунбасти коммуникатсионӣ ва барномаву нақшаҳои қабулгардида, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, сари вақт ва босифат аз худ намудани маблағҳои барои иншооту лоиҳаҳо аз тамоми манбаъ ҷудогардида чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар маҷлис «Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» — ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» пешниҳод шуд.

Дар маҷлис, инчунин лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016-2018», «Дар бораи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ва «Дар бораи нақшаи генералии маркази ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд» мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ барои иҷрои бетаъхири дас­турҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.

www.president.tj