Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№27 (4133) 29.02.2020

49595339007_0cee4870db_o28 феврали соли 2020 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Пеш аз оғози кори маҷлис Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои навтаъингардидаи Ҳукумат ва раисони кумитаву идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Сипас, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки вобаста ба он вазири адлия Музаффар Ашӯриён ҳисобот дод.

Тавре зикр гардид, «Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», ки бо дастгирӣ ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014 қабул гардидааст, дар самти сиёсати ислоҳи маҳкумшудагон санади басо муҳим ва саривақтӣ мебошад ва ба рушди соҳаи истеҳсолӣ ва самаранок истифода бурдани муҳлати адои ҷазо мусоидат менамояд.

Фаъолияти меҳнатии маҳкумшудагон ҳамчун воситаи муҳими тарбия, омили таҳкими тартибу интизом дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ маҳсуб меёбад. Меҳнати маҳкумшудагон ба фаъолияти муътадили муассисаи ислоҳӣ дар шароити муосир, қонеъ гардонидани талаботи худи маҳкумшудагон, соҳиби касби муайян гардидани онҳо, кумак расонидан ба оила ва ҷамъоварии пасандози зарурӣ барои ҷобаҷошавии онҳо баъди адои ҷазо низ имконият медиҳад.

Бо дарназар доштани ин ҳолат ва бо мақсади пешбурди истеҳсолот дар муассисаҳои ислоҳӣ, ҷалби бештари маҳкумшудагон ба корҳои музднок, баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва ба талабот ҷавобгӯ намудани он «Барномаи ташкили меҳнат ва рушди истеҳсолоти саноатӣ дар муассисаҳои ислоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» амалӣ шуда истодааст.

Доир ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2020 раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ҳисобот дод.

Дар маҷлис, ҳамчунин, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда», «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Доир ба тадбирҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон вобаста ба ҳолатҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд. Тавре таъкид гардид, то ба ҳол ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони дигар давлатҳо, ки моҳҳои охир ба кишвар ворид шудаанд, ба қайд гирифта нашудааст ва дар мамлакат ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, лавозимоти безараргардонӣ, таҷҳизоти санҷишӣ ва захираҳои маҳсулоти хӯрока тадбирҳои фаврӣ анҷом дода мешавад. Таъкид гардид, ки тадбирҳо дар ин самт таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Қайд шуд, ки минбаъд низ корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, таъмини фаъолияти муназзами системаи назорати санитарию эпидемиологии мамлакат идома дода мешавад.

Дар интиҳо аъзои Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони сохторҳои марбута барои иҷрои босифати қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи саривақтии барномаву стратегияҳои давлатӣ вазифадор карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, барои татбиқи мақсадноки нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

www.president.tj