Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№40 (4146) 02.04.2020

49715962003_7cc7cbc22c_o30 марти соли 2020 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он нахуст оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» ҳисоботи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи амалисозии «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» чор корхонаи истеҳсоли маснуоти қолинӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ Фейза», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мавлонои Румӣ», Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Самарқанд — М» дар ноҳияи Рӯдакӣ, коргоҳи қолинбарорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ду корхонаи истеҳсоли қолинҳои дастбоф — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шероз» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулвард» ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар натиҷа, зиёда аз 210 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

«Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» имкон фароҳам овард, ки дар баробари аз нав кардани парки технологии корхонаҳо ҳаҷми истеҳсолот мунтазам зиёд карда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ сохтани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди соҳаи қолинбофӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо қолинҳои хушбофт супориш доданд.

Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021 вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳисобот дод.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш доданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи зимистони солҳои 2020-2021 тадбирҳои мушаххас андешида, ба миқдори зарурӣ маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, аз ҷумла, ангишт, захира намоянд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини аҳолӣ ва иншооти иҷтимоии кишвар дар фасли зимистон бо неруи барқ ва гармӣ вазифадор шуданд.

Сипас, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» баррасӣ гардиданд ва хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин робита ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, масъалаҳо «Дар бораи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025» ва «Дар бораи «Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ»-ро баррасӣ намуданд.

Оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мамлакат ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорат ва сохторҳои зертобеи он супориш доданд, ки тавассути ВАО корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри таъмини ҳаёти солим, аз ҷумла, риояи гигиенаи шахсӣ, пурзӯр намоянд. Дастур дода шуд, ки барои тарбияи мутахассисони сатҳи баланд, омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ барои қабули беморон, ворид сохтани таҷҳизоти муосири тиббӣ, назорати санитарӣ-гигиении марказҳои хизматрасонии маишӣ чораҳои мушаххас андешида, дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла, дар беморхонаи ноҳияи Данғара, барои қариб 300 ҷойи хоб, бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои муосири тиббӣ дар ҳар як деҳот ва шаҳрак, тезонида шавад.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарони сохторҳои давлатиро ба иҷрои супоришҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷоннок кардани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷ, вусъати киштукори баҳорӣ, аз ҷумла, пахта, шолӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, кишти такрорӣ, корҳои соҳилбандӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ, моҳидорӣ, истифодаи самараноки сардхонаву гармхонаҳо, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ҷалб карда, ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорати иҷрои дастурҳои Сарвари давлат, ки аз ҷараёни мулоқот бо зиёиён, аҳли илму маориф, кормандони иттифоқҳои касаба, саноатчиён, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони дигар соҳаҳо бармеоянд, супориш доданд.

www.president.tj