Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№54 (4160) 02.05.2020

49837635257_aa2f8381e3_o30 апрели соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар он нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки дар солҳои 2012-2019 аз буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ 207 миллион сомонӣ ва бо ҷалби сармоягузории давлатии хориҷӣ 840 миллион сомонӣ равона гардид.

Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти марбута оид ба татбиқи тадбирҳои мақсадноки барнома соли 2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 27,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2012- ум 9,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Аз рӯи нишондодҳо бармеояд, ки ҳоло ҳам иқтидори агросаноатии кишвар баҳри таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ пурра истифода нагардидааст.

49837635257_aa2f8381e3_o1Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур доданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари «Барномаи ислоҳоти  кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ва дигар супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида, аз ҳама имконият пурсамар истифода баранд.

Дар бораи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022», «Дар бораи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Гулистони вилояти Суғд» шахсони масъул гузориш доданд.

Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва пешниҳоди хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии гендерӣ»-ро баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

Дар охир Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба вусъати тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, киштукори баҳорӣ, кишти такрорӣ, барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла, пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо, доир ба тезонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тозаю озода кардани муҳити зист ва дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус, иҷрои тадбирҳои санитарию гигиенӣ, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбон, иншоот, манзилҳои зист, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум барои риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва иҷрои маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб, дас­туру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

www.president.tj