Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№133 (4239) 29.10.2020

50536819281_b2b1a86252_o27 октябри соли 2020 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023», «Дар бораи «Барномаи қарзгирии давлатии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023» баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи буҷети давлатӣ барои соли оянда ҷиҳати пайгирӣ намудани сиёсати иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар, пешгирӣ кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ ва инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ таҳия гардидааст.

Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Бо дарназардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2020-ум 1 миллиард сомонӣ ё 5,1 фоиз зиёд аст.

Таъмини нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ дар ҳаҷми 18,8 миллиард сомонӣ бо афзоиши 890 миллион сомонӣ, воридоти маблағҳои ғайриандозӣ 1,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 110 миллион сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Дар сиёсати буҷети давлатӣ таъмин намудани уҳдадории давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба коҳишёбии қисми даромади буҷети давлатӣ дар заминаи таъсири манфии омилҳои беруниву дохилӣ ба иқтисоди кишвар ва дар соли ҷорӣ ба андозаи назаррас коҳиш ёфтани даромади буҷет Ҳукумати кишвар зарур донист, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияро аз 1 сентябри соли 2020 баланд бардорад.

Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии ­маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишварро нигоҳ дошта, дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 барои ин соҳаҳо 13,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки 47 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаҳои маориф дар ҳаҷми беш аз 5,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 592 миллион сомонӣ, тандурустӣ 2,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 509 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 миллиард сомонӣ бо барзиёдии 262,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 69,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

50536819081_2a745cb827_oСарфи назар аз таъсири омилҳои дохиливу берунӣ ба иқтисоди миллӣ ва хароҷоти иловагии буҷет дар иртибот ба пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемияи бемории COVID-19, ҳаҷми маблағгузории дигар соҳаҳо низ соли 2021 бо афзоиш ба нақша гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва бо дарназардошти таъсири пандемияи бемории COVID-19, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати Тоҷикистон татбиқи мутавозини сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзиро зарур шумурданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар давраи миёнамуҳлат, нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2021 ва дурнамои он барои солҳои 2022-2023 дар назди вазорату идораҳо, мақомоти иҷро­ияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдори кишвар оид ба иҷрои сари вақт ва босифати барномаву нақшаҳои зиддибуҳронии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат, барои зиёд намудани даромади буҷет, ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаи даромад, кам намудани бақияпулиҳои андозӣ ва пешгирии пайдоиши бақияпулиҳои нав, баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, суръат бахшидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси корхонаҳои нав бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот ва дар ин асос зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолии кишвар иҷрои қатъии супоришҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба истифодаи самараноки замин ва дар ин асос зиёд намудани майдони кишти картошка, зироатҳои дигар, хусусан, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, шолӣ, ҷуворимаккаи дон ва ғайра вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки самарабахш ва оқилона истифода бурдани маблағҳои буҷети давлатӣ боиси рушди иқтисоди миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мегардад. Аз ин хотир, аз роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб карданд, ки дар ин самт беш аз пеш масъулият эҳсос кунанд.

Бояд гуфт, ки сиёсати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат бо мақсади дар амал татбиқ кардани сиёсати Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии муҳими давлатӣ, аз ҷумла, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бехатарии давлат ва саноатикунонӣ равона гардидааст.

Сипас, ҳисоботи раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдуқодир оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 «Дар бораи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019» шунида шуд.

Таъкид гардид, ки барнома 262 лоиҳаро ба маблағи умумии 1 миллиарду 46 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, аз буҷети ҷумҳурӣ 237 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоятӣ 5,8 млн. сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 23,7 млн. сомонӣ, ­маблағҳои худӣ 187,1 млн. сомонӣ, маблағҳои сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ 592,6 млн. сомониро дар бар мегирифт. Он аз 5 бахш — иқтисодӣ (саноат, кишоварзӣ), ҳифзи иҷтимоӣ (маориф, фарҳанг, тандурустӣ), инфрасохтор  (таъминот бо оби нӯшокӣ, коммуналӣ), ҳолатҳои фавқулода ва таъминоти захиравӣ иборат буд.

Дар давоми амалишавии барнома ба маблағи 578 миллиону 871 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардиданд, ки 55,3 фоизи нишондиҳандаро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 17 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ сохта ба истифода супорида шуд.

Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 14 лоиҳа ба маблағи 6,9 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ки 4 лоиҳа пурра, 8 лоиҳа қисман иҷро шуд. Ду лоиҳа иҷро нагардид. ­Маблағҳои лоиҳаҳои иҷрошуда 1,1 млн. сомонӣ ё 15,8 фоизро ташкил доданд.

Дар давраи амалишавии барнома дар ҳама соҳаи хоҷагии халқи шаҳр 14742 ҷойи кори нави доимӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур доданд, ки «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019» — ро босифат ва пурра дар амал татбиқ  намоянд.

Инчунин, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ва ду пешниҳоди хулосаи Ҳукумати кишвар «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» мавриди  баррасӣ қарор гирифтанд.

Аъзои Ҳукумат масъалаҳои дигар, аз қабили «Дар бораи Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Дар бораи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Дар бораи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро низ баррасӣ намуданд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиқи амалии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда ва дигар дастурҳои Ҳукумати кишвар ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj