Изҳори сипоси Пешвои миллат ба мардуми Тоҷикистон

№128 (4234) 15.10.2020

11-уми октябри соли 2020 дар кишвар чорабинии муҳиму сарнавиштсози таърихӣ – интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Аксари интихобкунандагон раъйи худро ба тарафдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доданд.

Ба ин муносибат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва дастгирӣ намудани номзадиашон самимона изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Пешвои миллат бо қаноатмандиву ифтихор хотирнишон месозанд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба тантанаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикис­тон, нишонаи олии фарҳанги баланди сиёсиву мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар, инчунин, ба далели равшани дастгирии гарму самимона аз сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони Тоҷикистон табдил ёфт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, таъкид мекунанд, ки интихоботи доиргардида ҳамчун рамзи сулҳу суботи комили сиёсии кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик, бешубҳа, боиси боз ҳам баланд гардидани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.

Дар баробари ин, Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, бори дигар хурду бузурги мамлакатро даъват мекунанд, ки раванди корҳои ободониву созандагиро барои истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон вусъат бахшида, бо заҳмати аҳлонаву содиқона дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани некуаҳволии сокинони мамлакат саҳми ватандӯстона гузоранд.

www.president.tj