Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

№35 (3829) 17.03.2018

Ҷумҳурии Қазоқистон, 14 марти соли 2018

40107977444_594296dbd4_oБо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 14 марти соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сурат гирифт.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар давраи 25 — умин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ сурат гирифт, сарони давлатҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва ошкорбаёнии ҳамаҷониба дурнамои тав­сеа ва таъмиқи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима намуданд.

Роҳбарони давлатҳо таъмиқи тағйирнопазирии самти сиёсиро оид ба рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқис­тон тазаккур дода, бо изҳори эътиқод бар он ки баровардани ҳамкориҳои дуҷонибаи бисёрҷанба ба сатҳи сифатан нав ҷавобгӯйи манфиатҳои дарозмуддати ду халқи ба ҳам бародар буда, ҳамчун омили муҳим барои таъмини субот, амният ва рушди устувори Осиёи Марказӣ хизмат хоҳад кард, бо такя ба принсипҳое, ки дар аҳдномаҳо дар бораи асосҳои муносибот аз 13 январи соли 1993 ва оид ба шарикии стратегӣ аз 14 сентябри соли 2015 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дарҷ шудаанд, чунин изҳор менамоянд:

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба хислати стратегии муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ аҳамияти мутлақо бузург медиҳанд.

Сарони давлатҳо наздик ва мувофиқ будани мавқеъҳои худро дар масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ таъкид дош­та, ниятҳои худро оид ба фаъолтар сохтани ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ, МҲТБО, Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозии  зиддимухаддиротӣ барои Осиёи Марказӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ собит намуданд.

Дар ин росто, президентҳо фаъолияти Ҷумҳурии Қазоқистонро ҳамчун аъзои ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ дар солҳои 2017 — 2018 ба хотири пешбурди манфиатҳои умумии кишварҳои Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ карданд.

Президентҳо зарурати густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгаройии динӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар чолишу таҳдидҳо ба амнияти байналмилалӣ ҳам дар сиғаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи сохторҳои байналмилалӣ қайд намуданд.

Роҳбарони давлатҳо 3 — 4 майи соли 2018 дар Тоҷикистон баргузор гаштани Конфронси байналмилалии сатҳи баландро таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва тундгаройӣ», ки ҳамчун заминаи воқеӣ барои муколама ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар ин арса хизмат хоҳад кард, бамавриду саривақтӣ номиданд.

Роҳбарони ду кишвар ҷонибдории худро ба манзури ҳар чӣ зудтар барқарор гардидани сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тасдиқ ва майлу талоши хешро барои рушди ҳамкориҳои дарозмуддат бо Афғонистон таъкид карданд.

Ҷонибҳо аҳамияти ташаббуси Тоҷикис­тонро дар бораи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» таъкид намуда, баргузории Конфронси марбутаи байналмилалии сатҳи баландро 20 — 22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе муҳиму бамаврид арзёбӣ намуданд.

Тарафҳо ҷонибдори истифодаи фарогир ва оқилонаи захираҳои обу энергетикии Осиёи Марказӣ буда, зарурати эҷоди абзорҳои устувор ва дарозмуддати ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақаро таъкид карданд. Онҳо роҳандозии фаъолияти гурӯҳи кории муштаракро оид ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ марбут ба соҳаи об истиқбол намуданд.

Ҷонибҳо қайд карданд, ки истифодаи одилона, оқилона ва фарогири захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ барои расидан ба рушди устувор, субот ва рифоҳи тамоми минтақа омили муҳим мебошад.

Президентҳо нақши муҳими Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро дар муттаҳидсозӣ ва афзоиши самаранокии ин иқдомот ҷиҳати рафъи пайомадҳои фоҷиаи Арал зикр намуда, омодагии ду кишварро барои ҳамкориҳои фаъолона ва зичи минбаъда дар доираи бунёди мазкур баён карданд.

Сарони давлатҳо манфиатдории мутақобилаи ҷонибҳоро дар истифодаи фарогир ва оқилонаи захираҳои обу энергетикии Осиёи Марказӣ ба инобат гирифта, нақши мусбати иншооти гидроэнергетикии дар дарёҳои фаромарзӣ бунёдшавандаро барои мусоидат ба рушди иқтисодӣ — иҷтимоии тамоми минтақа дар асоси меъёр ва қоидаҳои эътирофшудаи байналмилалӣ қайд намуданд.

Сарони Тоҷикистону Қазоқистон бо қаноатмандӣ тамоюли  мусбат дар рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишварро қайд намуда, ҳавасмандии муштаракро ҷиҳати таъмини афзоиши доимии ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, диверсификатсияи сохтори он ва вусъат додани шаклҳои дарозмуддати ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳор доштанд.

Ҷонибҳо авлавиятнокии ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи нақлиёт ва рушди долонҳои транзитӣ, ки дастрасии кӯтоҳтарин ва самаранокро ба бозорҳои хориҷӣ таъмин менамоянд, таъкид карданд.

Президентҳо фаъолияти Комиссияи байниҳукуматиро оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ҷаласаи сенздаҳуми он 12 — 13 феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе бомуваффақият баргузор гардид, мусбат арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо нақши ҳамоҳангсозии Комиссияи муштаракро ҳамчун абзори самараноки суръат­бахши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар соҳаҳои афзалиятноки шарикии дуҷониба таъкид карданд.

Роҳбарони давлатҳо ҷонибдории тарафҳоро аз густариши ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва саноати мудофиавӣ тасдиқу таъкид карданд.

Сарони давлатҳо дурнамои имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи фаъолияти кайҳонӣ ва нияти татбиқи лои­ҳаҳои мутақобилан судманд­ро дар ин ҷода қайд намуданд.

Роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар, ҳавасмандгардонии муҳоҷирати меҳнатӣ ва танзими масоили ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, башарӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин самтро муҳим арзёбӣ карданд.

Сарони давлатҳо умумияти фарҳангию таърихии ду халқро қайд карда, ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, санъат, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, варзиш ва ғайра тасдиқу собит намуданд.

Бо дарназардошти нақши хосаи диас­пораҳои тоҷику қазоқ дар наздиксозии ду халқи бародар, ҷонибҳо омодагии хешро ба идомаи корҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷомеаҳо вобаста ба нигоҳдорӣ ва рушди забони модарӣ, фарҳанг, анъана ва урфу одатҳои миллӣ, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои дахлнопазир ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони тарафҳо таъкид сохтанд.

Роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон  аҳамияти татбиқи дурусти шартномаҳои дуҷониба ва бисёр­ҷонибаи имзошуда, тавсеаи минбаъдаи асоси шартномавӣ — ҳуқуқидоштаи равобити миёни ду давлатро, ки барои таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ пойдевор мебошанд, зикр намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ намуда, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро даъват намуд, ки дар фурсати муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари ҷавобӣ ташриф биёрад. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон даъватро бо арзи сипос қабул кард. Муҳлати сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда хоҳад шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон     

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

ш. Остона, 14  марти соли 2018