Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

№116 (4066) 28.09.2019

48802958066_0bfae471bf_o27 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, кумитаҳои иҷроияи вилоят, шаҳру ноҳияҳои кишвар дар нуҳ моҳи соли 2019 ва масъалаҳои дохилӣ, аз ҷумла, даъвати анҷумани навбатии ҳизб ва корҳои омодагӣ ба он, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлис — «Дар бораи ҷараёни корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  ва баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ — интихоботии ташкилотҳои ҳизбӣ»-ро ба муҳокима гузоштанд.

Масъалаи дуюм марбут ба даъвати анҷумани XIII Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон буд.

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи ҷону зеҳни мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои мардумро ҳадафи асосӣ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад.

Зикр гардид, ки ба кор даромадани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки чархаи дувуми он рӯзи таҷлили 28-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд, барои рушди иқтисодиёти Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон марҳилаи сифатан нав ва рӯйдоди тозаи таърихӣ мебошад. Қисмати зиёди кормандони сохтмони ин иншооти бузурги аср узви фаъоли ҳизб мебошанд, ки дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ 40 нафари онҳо бо сипосномаҳои ҳизб ва дигар мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.

Тавре Пешвои миллат дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ин хусус таъкид карда буданд: «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад».

Бинобар ин, вазифаи ҳизбиён аз он иборат аст, ки ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум тарғибу ташвиқ карда, на танҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбиро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.

Масъалаи дигаре, ки барои ҳизб афзалият дорад, таъкид карданд Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, соли оянда баргузор гардидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошад. Вазифаи ҲХДТ ҳамчун ниҳоди сиёсӣ он аст, ки барои дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ омода бошад.

Мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа муайян аст, вале талош бояд кард, ки ба василаи таъмин кардани ниёзҳо ва талаботи мардум, хусусан, фаровонии маҳсулоти ғизоӣ, ба эътидол овардани нарху наво, фароҳам овардани барқу гармӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳаллу фасли масъалаҳои умдаи ҷомеа, расидан ба зиндагии шоиста ба маъракаи интихобот омодагӣ бинем.

Масъалаи дигаре, ки Раиси ҳизб ба он таваҷҷуҳи махсус доданд, пешбарии номзадҳои арзанда ба маъракаҳои интихоботи оянда буд. Албатта, дар сафи ҲХДТ чунин шахсон зиёданд.

Ташкилотҳои ҳизбӣ низ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи матлуб, шаффоф, озод ва демократӣ баргузор шудани интихобот  омодагӣ бинанд. Аз ҷониби Раиси ҳизб пешниҳод гардид, ки анҷумани навбатӣ моҳи декабр баргузор карда шавад.

Баъд аз суханронии пурмуҳтавои Раиси ҳизб, аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, аз ҷумла, Раҳмонзода Абдулло — раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Сатториён Матлуба — раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҷонибек Қозибек — раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ, Дадабоева Гулхумор — директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор, Маҳмадов Раҳматҷон — раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт ва Ҳамидиён Илҳомҷон — муовини якуми раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» баромад намуданд.

Дар хотима, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳама бояд як нуктаро ҳамеша дар хотир дошта бошем: узви Ҳизби халқии демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

www.president.tj