Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№134 (4084) 05.11.2019

Без имени-1 копияЧоруми ноябри соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба ифтихори 25-солагии қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо ворид шудани Сарвари давлат ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик арзёбӣ карда, мардуми шарафманди кишварро ба муносибати ин санаи фархунда самимона шодбош гуфтанд.

Таъкид гардид, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибис­тиқлол аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад.

Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, дар Тоҷикистони мо, нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳими сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлолияти давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Мутаассифона, эълони истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва буҳрони шадиди конститутсионӣ рост омад.

Роҳбари мамлакат таъкид намуданд, ки фақат қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлолият, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани  фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.

Бо дарки чунин масъулияти таърихӣ 6 ноябри соли 1994 сокинони кишвар дар фазои озод дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок карда, аксари мутлақи онҳо (беш аз 87 фоиз) ба ҷонибдории Конститутсия раъйи худро изҳор доштанд.

- Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикис­тон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард, — таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон.

Меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳон замина гузоштанд ва Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз садсолаҳои дигар барои рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва оромиву осоиши ҳар як фарди Ватан хизмат хоҳад намуд.

Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи рангини идонаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони кишвар идома ёфт.

www.president.tj