Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№32 (3178) 01.04.2014

IMG_3405

28 марти соли 2014 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Ба вазифаҳо таъин шуданд:

Бунафша Одинаева — муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Зулфия Одинаева — муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Абдулҳаким Холов – директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раҳимҷон Саидов — сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф;

Раҳматулло Таваров — сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Баҳодур Холназаров — сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ғафур Хоҷамуродов — сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Холмаҳмад Назаров — сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сипас, «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» тасдиқ карда шуд. Тавре зикр гардид, тибқи ин санад, нишондиҳандаи асосии таносуби қарзи номиналии беруна нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар сатҳи 40 фоиз, унсури грантии қарзҳо на кам аз 35 фоиз, давраи имтиёзӣ на кам аз 5 сол ва фоизи онҳо на зиёда аз меъёрҳои тиҷоратӣ муайян гардидааст.

Ҳамчунин, Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати равиявӣ бо медали тилло ва нуқра, ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус, Тартиби амалӣ намудани назорати давлатии риояи қонунгузории шаҳрсозӣ, Нақшаи чорабиниҳо ва сметаи хароҷоти таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тасдиқ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкдории исломӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ» пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати кишвар ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 50 гектар замин барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба муҳоҷирони дохилӣ аз ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ишкошим ва ба ниёзмандони маҳаллӣ ҷудо карда шуд.

Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 166 гектар замин барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида ҷудо карда шуд.

17 гектар замин ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба муҳоҷирони дохилӣ ҷудо гардид.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба вусъат бахшидани киштукори баҳорӣ ва омодагӣ ба пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу жола ва обхезӣ ва бартарафсозии оқибатҳои эҳтимолии онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Супоришҳои дигар, ҳамчунин доир ба иҷрои нақшаи даромадҳо ба Буҷети давлатӣ дода шуд.

www.president.tj