Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№28-29 (3329-3330) 27.02.2015

Бисту ҳафтуми феврали соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси навбатӣ нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, зимни он роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳо иваз карда шуданд.

Ҳамин тариқ, бо амру фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин шуданд:

Абдулҳаким Розиқзода — раиси Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Лутфия Абдулхолиқ — ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Идигул Қосимзода — ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;

Сайъало Мирзоев — директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе;

Алидод Расулов — сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муҳибулло Зувайдуллоев — директори Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе;

Исматулло Шодиев — директори Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Баҳром Исмоилов — директори Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе;

Ориф Табаров — директори Муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон;

Ҳабибулло Саъдуллоев  — директори Муассисаи давлатии Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

Фирдавс Усмонов – директори Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сайфиддин Давлатов — сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилӣ  Хуршед Муҳаммадзода — узви ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ;

Мадиброн Саидзода ва Озод Юсупов-аъзои ҳайати мушовараи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамчунин Назира Ғаффорова, Заробиддин Файзуллозода ва Сулаймон Зиёев бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони раиси вилояти Суғд таъин карда шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд:

Ғуломқодир Бобиев – президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;

Ҳакимхон Валиев — сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон;

Осим Каримов — сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд.

Тавре аён гардид, аксари кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда мутахассисони ҷавон, соҳибмаърифат, забондон ва дорои ҷаҳонбинии муосир мебошанд. Аз ҷумла ду нафаре, ки ба вазифаи ректор дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъин шуданд, занони ҷавону фаъол ва болаёқатанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки чунин талабот доир ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар вазифаҳои роҳбарӣ дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуда буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда вазифаҳои мушаххас гузошта, аз ҷумла таъкид намуд, ки дар мубориза бо коррупсия -  падидаи нангини ҷомеа ҳамеша фаъол бошанд.

Сипас, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2015 ҳисобот дод. Тавре зикр гардид, дар 24 соли охир 109 ҳазор гектар замин барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба аҳолӣ ҷудо карда шудааст. Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки заминҳои кишоварзии бо ин ва дигар сабабҳо камшуда аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла тавассути аз худ намудани заминҳои бекорхобида, барқарор ва зиёд карда шаванд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои дар майдони беш аз 600 ҳазор гектар бунёд намудани боғҳои ба содирот нигаронидашуда заминҳои лалмии ба ин ҳадаф мувофиқ муайян карда шаванд.

Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ, «Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд.

Ба як қатор қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо маъқул дониста, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба вусъати корҳои роҳсозӣ ҷалб намуда, аз ҷумла дастур дод, ки лоиҳаҳои навсозии роҳҳои мошингарди Кӯлоб-Шӯрообод, Душанбе-Қӯрғонтеппа, Дарвоз-Ванҷ ва Обигарм-Нуробод ҳар чӣ зудтар таҳия ва пешниҳод карда шаванд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки  ба корҳо барои оғози навсозии роҳи мошингарди хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт дар қитъаи аз назди пайкараи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе суръат бахшида шавад.

Дастуру супоришҳои мушаххас доир ба омодагӣ ба истиқболи сазовор аз Наврӯзи хуҷаста ва вусъат додани киштукори баҳорӣ ва ниҳолшинонӣ дода шуд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки фаровонии маҳсулоти озуқа дар бозори истеъмолӣ, аз ҷумла тавассути ярмарка-фурӯши маҳсулот, бо нархҳои дастрас таъмин карда шавад.

Аз мардуми кишвар даъват карда шуд, ки дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 1-уми март баргузор мегардад, фаъолона иштирок намоянд.

www.president.tj